ВОХӮРИИ УСТОДОНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ВОБАСТА БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

          Санаи 14  марти  соли 2022 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” бо иштироки роҳбарият, устодону омӯзгорон ва волидайни донишҷӯёни бахши  2-и ихтисоси “Китобдорӣ ва китобхонашиносӣ” сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар маҷлис директори муассисаи таълимӣ Разоқзода Салоҳиддин Шамсидин,  ­­муовини директор оид ба таълим Ҷафаров Ҷ., ­ сардори шӯъбаи таълим Ҳасанов Б., мудири кафедраи “Рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ” Воҳидов М, декани факултет Ҷамолов З, устоди самти китобдорӣ Собиров Тоҳирҷон, Собирова Л, инчунин падару модарон ва донишҷӯён иштирок карданд.

           Нахуст, директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин бо сухани ифтитоҳи баромад намуда изҳор доштанд, ки бо маќсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоќот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 24-уми феврали соли 2022, дар мавриди пешгирии гаравиши ҷавонону наврасон ба гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ, таълимоти ѓайриќонунии динӣ ва пурзӯр намудани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, махсусан дар байни наврасону ҷавонон, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, одобу ахлоќи ҳамида ва эҳтирому риояи қонун тарбия кардани онҳо, инчунин ҷиҳати иҷрои бандҳои Наќшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баромад карда, аз падарону модарони донишҷӯён хоҳиш намуд, ки ҳамеша бояд фарзандонро панду насиҳат диҳем, зери назорати қатъӣ гирем ва ба тарзи либоспӯшӣ, чигуна хонданашон, одобу ахлоқашон таваҷҷуҳ намоем. Агар дар хона волидайн  ва дар муассиса мо омӯзгорон ҷавононро ба хондани китобҳо ва аз худ намудани илму ҳунар роҳнамун созем, боиси баланд гаштани масъулияти донишҷӯён мегардад.  

        Инчунин, директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин дар идомаи суханрониашон вобаста ба иштироки донишҷӯён ба Озмунҳои “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифтат”-ро ба устодону волидайни донишҷӯён изҳор дошта, ҳамзамон андешаҳояшро дар бораи иҷрои доимии масъалаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба иштирокчиён баён намуданд.

        Дар рафти маҷлис падару модарон ҳам суханронӣ намуда, омодагии худро  ҷиҳати назорат намудан аз болои фарзандонашон дар вақти дарсӣ ва берун аз соатҳои дарсӣ ва боз ҳам робитаи зич доштан бо муассисаи таълимӣ баён намуданд.

                                                                Гузориши Миралӣ  Воҳидов

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>