Айни замон дар аксарияти давлатҳо одамон ба бемории сироятии COVID-2019 гирифтор шуда, баъзе аз гирифторони ин беморӣ ҷони худро аз даст дода истодаанд.

Дар Тоҷикистон хушбахтона то ҳол ягон  ҳолати гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Барои пешгирӣ кардан аз пайдоиш ва паҳн шудани коронавируси COVID-2019 дар Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, саннаи 7-уми апрели соли 2020 бо дастгирии директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Абдураҳимзода Идрис дар толори муассисаи таълимӣ бо ҷалби табибони ноҳияи Рӯдакӣ ва бо иштироки устодону донишҷӯён ҷамъомад баргузор гардид.

Зимини баромадаш табиби оилавӣ аз Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ Мавлудаи Аваз оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати коронавируси COVID-2019 ба ҳозирин маълумот дод.

Табиб, сироятшиноси Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ Баҳодур Сафаров низ баромад карда, иброз намуд, ки тавсияҳои табибонро, ки  барои пешгирӣ кардани аз пайдоиш ва паҳншавии ин беморӣ ба аҳолӣ дода мешаванд, ҳатман риоя намоем, то ин ки дар ҷумҳуриямон гирифторшавии одамон ба ин беморӣ  пайдо нашавад.

Дар охир доир ба ин беморӣ байни ҳозирин ва табибон саволу ҷавоб шуда гузашт.

В. Миралӣ

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>