Вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг

20 апрели соли 2021 дар Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов вохӯрии корманди ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, летенанти калони миллитсия Раҳимзода Абдуҷабор  донишҷӯён баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовинони директор оид ба таълим Атоеев Абдураҳмон, оид ба тарбия Шарифова Шаҳло, мудири кафедраи “Рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ” Воҳидов Миралӣ иштирок намуданд.

Вохӯрӣ бо суханронии омӯзгори муассисаи таълимӣ Урозов Шералӣ  оғоз гардид. Номбурда, доир ба корҳои анҷомёфта оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар таълимгоҳ маълумот дод.

Раҳимзода Абдуҷабор дар рафти суханронияш оид ба вазъи ҷинояткорӣ байни ноболиғон дар ноҳия маълумот дод ва донишҷӯёнро огоҳ намуд, ки ҳамеша дар донишомӯзӣ боз ҳам фаъол шаванд ва ҳеҷ гоҳ ба амалҳои ғайриқонунӣ даст назананд.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>