Устодон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” дар корҳои ободонии ноҳия саҳми худро гузоштанд

         Дар асоси нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассисаи таълимӣ, дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, саннаи 16 апрели соли 2022 таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоќов»  Разоқзода Салоҳидин Шамсидин омўзгорону донишҷўён ба шанбегӣ баромада, дар корҳои ободонї ва  тозаю зебо гардонидани  маркази ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён саҳми назаррас гузоштанд. Иштирокчиёни шанбегӣ дар рафти корҳои созандагӣ бехи дарахтон, аз ҷумла арчаҳои ҳамешасабзро побел намуда, атрофи гулҳои  садбаргро   нарм карданд ва ҷӯйборҳои кучаҳои марказиро аз ҳар гуна партовҳо тоза гардониданд.

Инчунин, имрӯз гурӯҳи дигари донишҷӯён дар шамбегии ҳудуди таълимгоҳ низ фаъолона иштирок карда, бехи арчаҳои ҳамешасабзро побел намуда, атрофи гулҳои садбаргро аз алафҳои худруй тоза ва  нарм   карданд.  Ҷӯйборҳои обгузаре, ки дар  наздикии  таълимгоҳ мавҷуданд, аз ҳар гуна партовҳо тоза карданд. Донишҷӯдухтарон саҳни таълимгоҳро руфта ороста гардониданд.

.

 

  Миралӣ Воҳидов, мудири кафедраи       “Рӯзноманигорӣ ва китохонашиносӣ”

 

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>