Тероризм ва хатарҳои он

Санаи 20-уми ноябри соли 2020 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи муассисаи таълимӣ бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ кардан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ амалкунанда конференсияи илмӣ таҳти унвони “Тероризм ва хатарҳои он” доир гардид .

Дар коференсия  сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ  Саидмаъруф  Давлатов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Саторӣ, корманди ШВКД-1 ноҳия Рӯзаев Юсуф, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар оғоз директори Коллеҷи фарҳанг  Абдураҳимзода Идрис меҳмонони даъватшударо ба муассисаи таълимӣ хайрамақдам гуфт ва дар назди ҳозирин бо маърӯзаи пурмӯҳтавои худ баромад кард.

Сипас, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ  Саидмаъруф  Давлатов оид ба тероризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср баромад намуда,   омӯзгоронро даъват намуд, ки ҷавонону наврасонро  дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Саттрӣ дар рафти суханронияш қайд намуд, ки  донишҷӯёни  Коллеҷи фарҳанг   бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамкории зич доранд. Дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки бахш доир менамояд,  маҳз донишҷӯёни фаъол ва ҳунарманди Коллеҷи фарҳанг фаъолона иштирок менамоянд.

Дар рафти ҷамъомад директори Коллеҷи фарҳанг Абдураҳимзода Идрис ба сардори КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ  Саидмаъруф  Давлатов барои иштирокашон дар ҷамъомад ва саҳми бузургашон дар таъмини амнияти кишвар аз номи маъмурият ва устодон  Сипоснома  тақдим намуд.

М.Воҳидов

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>