Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов” Разоқзода Салоҳидин Шамсидин ба муносибати фарорасии соли нави 2022

       Бо истифода аз фурсати муносиб фарорасии Соли Нави 2022-и мелодиро ба кулли омузгорону устодон ва донишҷуёну даспарварони Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқов” муборакбод мегӯям.

         Соле,  ки  сипарӣ мешавад мисли солҳои дигари соҳибистиқлолӣ дар саҳифаҳои таърихи халқи мо бо ҳама дастоварду муваффақият ба ёди мардуми шарафманди Тоҷикистон боқӣ монд. Пеш аз ҳама соле буд, ки мардуми мамлакат дар атрофи Сарвари ватандӯсту дурандеши худ боз ҳам муттаҳид шуданд.

         Дар ин соли муборак 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳама гӯшаю канори кишвар дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд.

         Дар чунин соли душвору паҳншавии бемории ҳамагир пойтахти кишвар – шаҳри зебои Душанбе мизбони чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ – ҷамъомади Сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои  Созмони Ҳамкории Шанхай гардид, ки аз обрӯю нуфузи кишварамон ва Президенти оқилу бохирадаш гӯвоҳӣ медод.

         Имсол низ чун солҳои қаблӣ оғози накӯи Соли нави мелодии 2022-ро дар фазои сулҳу суботи комил, Ваҳдати миллӣ, пешрафту шукуфоии кишвар ва рӯҳияи созандагӣ истиқбол гирифта, таманои онро дорем, ки дар ин сол Тоҷикистони азиз боз ҳам шукуфону обод гардад, сокинони кишвари мо ба комёбиҳои бештар муваффақ шаванд.

         Дар ин рӯзҳои пурнишот ба ҳамаи Шумо тансиҳатии комил, хотири ҷамъ, осудагии рӯзгор, равнақу ривоҷи кору сарбаландӣ ва ҳама хушиҳоро орзу дорем.

        Ҳамеша сарбаланду хонаобод ва фирӯзу комёб бошед!

         Соли наватон муборак!

        

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>