8-МАРТ ИДИ МОДАРОН  МУБОРАК!

             5 марти соли 2022 бахшида ба Рӯзи Модар дар толори Муассисаи давлатии “Коллеҷи  фарҳанги ҷумҳуривии ба номи П.Бӯйдоқов” ҷамъомади идона бо иштироки тамоми бонувону занон ва омӯзгорону  донишҷӯён чорабинии фарҳанги баргузор гардид.

           Дар оғози ҷамъомад нохуст бо суханони табрикотӣ директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин суханронӣ намуда, тамоми модарону бонувонро самимона ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу намуд.

            Номбурда, нақши бонувону занонро дар таълиму тарбияи насли ҷавон бахусус донишҷӯён ниҳоят муҳиму арзишманд арзёбӣ намуда, бо хушнудӣ изҳор намуд, ки маҳз бо ташаббусу дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола бахшида ба иду ҷашнҳои миллӣ дар мамлакат беш аз садҳо чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланди фарҳангӣ, баргузор мегардад, ки дар он саҳми арзандаи тамоми Модарону бонувони тоҷик назаррасаст.

                Баъдан, аз ҷониби маъмурияти муассиса ба як қатор донишҷӯёни фаъол ва инчунин кормандону омузгорони муассиса ифтихорномаву тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

               Дар қисмати дувуми чорабинӣ баъд аз анҷоми барномаи идонаи консертӣ тақдим ва муаррифии 11-адад мачмуъи созҳои мусиқии миллӣ аз ҷумла: рубоб, рубоби прима, дутор, ғиҷак, чанг, най ва дойра, ки санаи 2.03.2022 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассиса тақдим гардида буд, бо изҳори хушнудиву сарфарозӣ дар назди иштирокчиёни чорабинӣ ба омузгорону донишҷўёни кафедраи “Таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ” барои баланд бардоштани сифати таълим ва омодагии машғулиятҳои таълими мусиқӣ супорида шуд.

                                                                                                                                                                                                            Миралӣ Воҳидов

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>