ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

      Ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолилияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов санаи 29-уми августи соли 2020 дар муассисаи таълимӣ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд.

      Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни ихтисосҳои китобдорӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, рӯзноманигорӣ ва таълими мусиқӣ ва омӯзгорон  бо роҳбарии директори таълимгоҳ Абдураҳимзода Идрис фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 300 бех гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинониданд. Бехи дарахтони ҳамешасабзи саҳни таълимгоҳро нарм ва барои безараргардонӣ аз ҳашаротҳо ба танаи дарахтон оҳак зададанд. Дар рафти шанбегӣ, инчунин дохили ҷӯйборҳои ду тарафи роҳи мошингарди назди муассисаро аз лой ва дигар партовҳо тоза карданд. Донишҷӯдухтарон синфхонаҳоро тозаю ороста гардониданд.

       Ёдовар мешавем, ки ба масъалаи сарсабзу хуррам ва тозаю озода нигоҳ доштани  Коллеҷи фарҳанг ва гирду атрофи он директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода  Идрис таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>