Раиси филиали ИТҶ дар Коллеҷи фарҳанг интихоб гардид

Санаи 19 августи соли 2020 дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумуҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо иштироки раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Сатторӣ ва  устодони муассисаи таълимӣ, аз ҷумла муовини директор оид ба тарбия Шаҳло Шарипова, декани факултети таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ Ҷаъфаров Ҷаъфар, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ  Воҳидов Миралӣ ва   донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, китобдорӣ ва китобхонашиносӣ, менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Дар оғози ҷамъомад декани факултет Ҷаъфаров Ҷ. суханронӣ карда, саҳми ҷавононро дар рушди давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон бузург арзёбӣ намуд. Номбурда зимни баромадаш инчунин иброз дошт, ки бо кумак ва дастгирии директори Коллеҷи фарҳанг Абдураҳимзода Идрис донишҷӯёни таълимгоҳ  дар аксарияти  чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангию маърифтии сатҳи ноҳия ва ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Баъдан,  раиси филиали ИҶТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Сатторӣ иброз намуд, ки  моро лозим аст  дар Коллеҷи фарҳанг раиси  филиали ИҶТ-ро   тавассути овоздиҳии Шумо интихоб намоем.

Ҳозирин номзадии устоди таълимгоҳ Ёрмуҳаммад Асомиддиновро ба ин вазифаи пурмасулият, яъне раиси филиали ИҶТ дар Коллеҷи фарҳанги ҷумуҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов    пешниҳод интихоб намуда,  ба иштироки он дар Анҷумани навбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон овоз доданд.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>