10-октябр Рӯзи фалак буда, ҳар сол дар ҷумҳурӣ ин санаи фархунда аз ҷониби аҳли фарҳангу ҳунар бо баргузории чорабиниҳои идонаи гуногунсатҳ таҷлил мегардад.
Аз ҷумла дар ноҳияи Рӯдакӣ дар таърихи 9-октябр Рӯзи фалак ба таври хотирмон таҷлил гардид. Толори Қасри фарҳанги ноҳия пур аз тамошобинон буд, ки аксарияти ҳозирин донишҷӯён ва устодони Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов буданд.
Дар оғози чорабинии идона директори муассисаи таълимии номбурда Оқилов Идрис ба сухан баромада, зимни баромадаш фалаксаронро як навъ санъати нотакрори соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик арзёбӣ кард.
Баъдан, барномаи идонаи консертӣ оғоз ёфт, ки дар рафти он донишҷӯён ва устодони Коллеҷи фарҳанг бо завқи баланд фалаксароӣ намуда аҳли толорро фараҳманду хушҳол намуданд. Номераҳои мусиқӣ низ аз ҷониби донишҷӯёни таълимгоҳи фарҳангпарвар хеле хуб иҷро шуданд, ки ба лаёқату истеъдоди навозандагони асбоҳои миллӣ дӯстдорони суруду мусиқӣ кафкӯбиҳои бардавом заданд. Қироъати шеърҳо низ аз ҷониби донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории ин боргоҳи илму ҳунар дар сатҳи баланд иҷро гардид.
Бояб иброз намуд, ки чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи фалак дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси маъмурият ва омӯзгорону донишҷӯён Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба таври мутантан ва хотирмон доир гардид, ки дар хотирҳо дер боз боқӣ монд.
Миралӣ Воҳидов