Санаи 23-юми ноябри соли 2020 ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону донишҷӯён Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов тибқи нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳо бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Муслима Саидмуродова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳамзаалӣ Юсупов, сармуҳаррири рӯзномаи “Насими айём”-и ноҳия Рухшона Шобуддинова ва дигарон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия Рӯзи парчами миллиро чашн гирифтанд.

Дар аввал директори Коллеҷи фарҳанг Абдурҳимзода Идрис суханронӣ карда, оид ба рамзи давлатӣ- Парчами миллӣ маърӯзаи пурмӯҳтаво  намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ шодбош гуфт. Инчунин, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия М. Саидмуродова дар бораи Парчами миллӣ андешаҳояшро иброз намуд ва дар охири баромадаш ба донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ Саидзода Мавлуда  Ифтихонома тақдим кард. Дар чорабинии идона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳ. Юсупов  бо сухани табрикотӣ баромад кард. Сармуҳаррири рӯзномаи “Насими айём”  Р. Шобуддинова низ суханронӣ карда, аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи Парчам табрику муборакбод намуд.

Баромадкунандагон доир ба таърихи пайдоиш ва аҳмияти  парчамдорӣ барои давлату миллат, маънои рангҳои муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатӣ маълумотҳои зиёдеро ба саъми ҳозирин расониданд.

Баъд аз суханҳои табрикотӣ барномаи консертии устодон ва донишҷӯён, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!” омода шуда буд, пешкаши ҳозирин гардид.

Донишҷӯён бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан, Парчами давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯҳо баромади пурмӯҳтаво намуданд. Аз рӯи барнома донишҷӯён суруду таронаҳои дилангез,  рақсҳои мавзунро манзури тамошобинон гардониданд ва  аҳли нишаст барои ҳунару истеъдодашон кафкубиҳои зиёд заданд.

Миралӣ Воҳидов, омӯзгор

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>