ОМӮЗИШИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВИИ БА НОМИ П.БӮЙДОҚОВ

11 феврали соли 2021 дар Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо мақсади боз ҳам хубтар омухтани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори муассисаи таълимӣ Разоқов Салоҳидин Шамсидинович ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Аҳмадзода Раҳматулло, Зоҳир Юсуфов, устодон ва донишҷӯён ҷамъомади сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

Нахуст, директори Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Разоқов Салоҳидин баромад намуда, Паёми Пешвои миллатро чун ҳуҷҷати  роҳнамо ва китоби рӯимизии кормандони ташкилоту идораҳо номид. Ӯ дар идомаи баромадаш аз дастовардҳои халқи Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуд.

 Разоқов Салоҳидин зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон чунин таъкид намудаанд:-“Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем”. Бинобар ин аз устодон ҳоҳиш намуд, ки аз шароиту имкониятҳои фароҳамбуда самаранок истифода бурда, дар таълиму тарбияи шогирдони сазовори давру замон саҳми намоён гузоранд.

Мудири Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Аҳмадзода Раҳматулло зимни баромадаш зикр намуд, ки мардумуми шарифи кишвар имрӯзҳо дар фазои сулҳу салоҳ ва давлати соҳибистиқлол зиндагӣ ва фаъолият намуда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагии саодатмандона ноил гардидаанд. Дар оянда боз ҳам Тоҷикистон рушд менамояд, зеро дар Паёми Пешвои миллат дурнамои тамоми соҳаҳо нишон дода шудааст, ки умедҳоро ба гул-гулшукуфоии Тоҷикистон зиёд намудааст.

Сипас,  донишҷӯёни муассисаи таълимӣ Қодирова Мадина, Абдусаломи Абдусалим, ки барандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва Малудаи Саидзода суханронӣ карда, аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони кишвар бо ифтихор аёдовар шуданд.

Дар охир аз ҷониби дониҷӯёни муассиса шеърҳо дар васфи Ватан, Истиқлолияти давлатӣ, Пешвои миллат ва дигар мавзӯҳои ифтихорӣ қироат карда шуданд.

                                                                              М.Воҳидов

 

 

 

 

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>