Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи Партов Бӯйдоқов ба мувафаққиятҳои нав ба нав ноил мегардад

Барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ директори Коллеҷи фарҳанг Разоқов Салоҳидин имрӯзҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда,  корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшидааст. Тамоми синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосири равшандиҳанда таъмин гардида, дар синфхона ва долонҳо аёниятҳои ба талаботи замон мувофиқ насб карда шудаанд. Роҳравҳо ба тозагӣ  бетонрезӣ шудаанд ва барои боз ҳам зебо шудани таълимгоҳ бо дастгирии Вазораи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон   роҳравҳо кошнигорӣ мегарданд.

Санаи 6 феврали соли 2021 дар коллеҷи фарҳанг ҳашари дастаҷамъона гузаронидашуда, аз ҷониби устодон ва донишҷӯён дар ҳудуди  таълимгоҳ зиёда аз 500 бех гулу гулбутаҳои ороишии садбарг шинонида шуд, ки ин иқдоми наҷибибу шоиста боиси  дигаргун шудани ҳусни  муассисаи таълимии гардидааст.  Инчунин, ҳашарчиён бехи дарахтонро бо пуррагӣ  нарм  карданд ва  синфхонаҳоро тозаю озода намуданд.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>