Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” сазовори ҷои аввал гардид

Бо мақсади дарёфти камоли маънавӣ ва дар вуҷуди насли ҷавон бедор намудани эҳсоси ватанпарастиву хештаншиносӣ дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо роҳбарии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳамкории Раёсати маорифи ноҳия санаи 1 марти соли  равон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумӣ ва донишҷӯёни Коллеҷҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ даври ниҳоии озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар яктост-Тоҷикистон яктост”  баргузор гардид.

Бо дастгирии директори Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” Салоҳидин Разоқов аз муассиса се нафар донишҷӯёни фаъол  дар озмун иштирок карда, дар бораи Ватани азизи худ-Тоҷикистон иншо навистанд.

Ҳар як иншои хонандагон ва донишҷӯёнро  доварон ҳаматафа санҷида, ғолибонро муайян намуданд.  Аз рӯи  хулосаи доварон  ғолиби-озмун  донишҷӯи Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов”  Раҷабова Мавлуда эълон шуда,  сазовори ҷои аввал гардид.

Санаи 4-уми марти соли равон дар фазои идона аз ҷониби корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Раҳматулло Аҳмадзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати маориф ба ғолибон  мукофотпуливу  Ифтихорнома ва ба устодони онҳо Сипосномаҳо тақдим гардид.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>