Санаи 4 марти соли 2021 Шӯъбаи кор бо занон ва оила дар якҷогӣ бо бахши кор боҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ озмуни ноҳиявии “Суруди модар-Алла”-ро  дар байни донишҷӯёни Коллеҷи техникию омӯгорӣ, Коллеҷи тиббӣ ва Муассисаи давлатии  Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов  баргузор намуданд. Дар озмун донишҷӯёни  Коллеҷи фарҳанг бо роҳбарии директори таълимгоҳ Разоқов Салоҳидин иштирок намуданд.

Аз рӯи шартҳои озмун: саломномаи дастаҳо, рақси якка, саҳначаи тарбиявӣ, суруди алла, печонидани кӯдаки навзод, омода намудани хуриши баҳорӣ донишҷӯён ҳунар ва маҳорати худро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.

Доварон баромади ҳар як иштирокчии озмунро бо таваҷҷуҳи хоса тамошо карда, ба онҳо баҳои арзанда доданд. Дар ҷамъбасти озмун аз ҷониби ҳакамон эълон гардид, ки донишҷӯёни Муассисаи давлатии  Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов  талаботҳои озмунро пурра риоя намуда, ҳамаи шартҳои озмунро дар сатҳи баланд иҷро намуданд ва  сазовори ҷои аввал гардиданд.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>