Маҷлиси падару модарон баргузор гардид

Рӯзҳои  5-14  апрели соли равон тибқи супориши директори Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов муҳтарам Разоқов Салоҳиддин маҷлисҳои падару модарон баргузор гардид. Дар маҷлис падару модари донишҷӯён иштирок намуданд. Барои шинос намудани волидайн аз шароити таҳсил дар муассиса ­­муовини директор оид ба таълим Аттоев А., ­­муовини директор оид ба тарбия Шарифова Ш., декани факултети таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ Ҷамолов З., масъул оид ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  Урозов Ш., мудирони кафедраҳо, кураторон  ва дигарон иштирок намуданд.

Зимни баромадаш муовини директор оид ба тарбия Шарифова Шаҳло аз ҷумла қайд намуд: “Имрӯзҳо  ҳамаи мову шумо падарону модарони гиромӣ аз тазодҳои ҷаҳони муосир огоҳӣ дорем ва ҳамеша бояд фарзандонамонро панду насиҳат намоем, зери назорати қатъӣ гирем ва ба тарзи либоспӯшӣ, чигуна хонданашон, одобу ахлоқашон таваҷҷуҳ намоем. Агар дар хона волидайн  ва дар муассиса мо омӯзгорон ҷавононро ба хондани китобҳо ва аз худ намудани илм раҳнамун созем, фикр мекунам, ки масъулияти донишҷӯён боз ҳам баланд мегардад.

        Дар маҷлисҳо  кураторони ҳар як гурӯҳ дар назди   волидайн камбудӣ ва пешрафти кори фарзандонашонро ошкор намуда,   аз онҳо хоҳиш намуданд, ки фарзандонашонро зери назорати қатъӣ гиранд ва ба тарзи либоспӯшӣ,  доштани лавозимоти таълимияшон диққати ҷиддӣ дода, ҳамкориро бо муассиса ҷоннок намоянд.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>