Ҳамасола дар ҷумҳурӣ ба ифтихори Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ санаи 30-уми сентябр чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ доир мегарданд. Ба муносибати ин рӯзи фархунда дар таърихи 29-сентябри соли равон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов маҳфили хотирмони адабию мусиқи доир гардид.
Дар чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯён аввалан аз ҳаёту рӯзгори шоири маҳбуб Ҷалолиддини Балхӣ маълумотҳо дода, аз ашъори ӯ шеърҳо қироат намуданд.
Баъдан, аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ донишҷӯёни шӯъбаи мусиқии ин муассисаи таълимӣ сурудҳо хонда маҳфилро боз ҳам гарм намуданд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки барномаи чорабинӣ бо ташаббуси мудири китобхонаи Коллеҷи фарҳанг Собирова Лайло, омӯзгорон Шарипова Шаҳло ва Шарипова Фариза ташкил ва гузарониданд.