МАҚСАДИ МО – РУШДИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛИСТ

      Санаи 3-юми марти  соли 2020  бо мақсади сазовор истиқбол намудани Рӯзи Модар ва Наврӯзи Аҷам дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов таҳти унвони “Чакомаи гесӯ”  чорабинии адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири Бахши чавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Сатторӣ, директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳоб, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Барномаи чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Шаҳло Шарипова омода намуд, ки ҳозирин ҳар як номераи онро бо кафкубиҳои бардавом пазироӣ намуданд.

       Аз ҷониби донишҷӯдухтарони Коллеҷи фарҳанг  намоиши либосҳои миллӣ дар сатҳи баланд пешниҳоди  тамошобинон гардид. Донишҷӯи бахши якуми ихтисоси рӯзноманигорӣ Мадина Қодирова суруди “Модар”-ро бо истеъдоди хоса иҷро намуд.  Маросими Рубинонро донишҷӯёни ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ  бо риояи нозукиҳояш иҷро карданд. Яке аз анъанаҳои миллиамон –маросими “Саршӯён” –ро, ки ба саҳнагузорандаи он омӯзгор Соро Раҳимова  буд, донишҷӯёни таълимгоҳ  хеле хуб иҷро карданд.  Аз ҷониби баромадкунагон хуришҳо ва хурокҳои  миллӣ омода гардид, ки барои ҳунари кадбонугии онҳо аҳли нишаст кафкубиҳо заданд. Инчунин,  донишҷӯдухтарон бо муйҳои дарози худ ба саҳна баромада, зебогии муйҳои дарози бонувонро   нишон доданд.

         Дар охир директори муассисаи таълимӣ И.Абдураҳимзода ва мудири Бахши кор ба ҷавонон ва варзиши ноҳия А.Сатторӣ суханронӣ карда, мақсади ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳоро мусоидати фаъол намудан ба рушди анъанаҳои миллӣ арзёбӣ карда, ба устодон ва донишҷӯён барои ташкил ва баргузор кардани ин чорабинии хотирмон баҳои баланд дода,  ба як қатор баромадкунандагон Ифтихорномаҳо супориданд

Миралӣ Воҳидов

 

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>