Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз саннаи  5 феврали соли 2020, №АП-1339  соли 2020 дар ҷумҳурӣ озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”  баргузор мегардад. Бо мақсади ҷалби бештари донишҷӯён барои иштирок дар даври якуми озмун ва фаҳмондани шартҳои дар Низомномаи озмун мавҷудбуда, саннаи 7-уми апрели соли ҷорӣ дар китобхонаи Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов ҷамъомад баргузор гардид.

            Дар ҷамъомад сардори шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнов, муовини директор оид ба таълим Аттоев Абдураҳмон, декани факултети таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ Ҷафаров Ҷафар, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ Воҳидов Миралӣ  иштирок намуда, ба зиёда аз 35-нафар донишҷӯёни муассисаи таълимӣ, ки барои иштирок намудан дар даври якуми озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” таёрӣ дидаанд, тартиби баргузорӣ ва талаботҳои дар Низомномаи озмун  мавҷуд бударо фаҳмониданд.

                Тавре, аз рафти ҷамъомад маълум гардид, донишҷӯён барои мутолиа намудани адабиёти бедеӣ завқи баланд дошта, алакай номгӯи зиёди асарҳои шоирон ва нависандагонро мутолиа намудааанд.

              Зикр гардид, ки даври аввали озмун дар муассиса бо ҳузури устодон ва дигар донишмандон баргузор мегардад. Бинобар ин иштирокчиёни озмун боз ҳам хубтар омода шаванд ва рӯйхати адабиёти мутолиа кардаашонро тартиб дода, ба ҳайти комиссия манзур рнамоянд.

М.Воҳидов

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>