Маълумоти умумӣ оиди Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов

         Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов муассисаи таълимии давлатй буда, бо қарори Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон аз 2.04.1945, ҳамчун Омузишгоҳи маданӣ — равшаннамоӣ таъсис ёфтааст. Омузишгоҳи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.08.2001, № 365 ба Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба иоми П.Бӯйдоқов (минбаъд дар матн коллеҷ) табдили ном намудааст.

 

Дар коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои

2-030131 “Таълими мусиқй” 2-230101- “Рӯзноманигорӣ”
2-230131-“Китобшиносй ва китобхонашиносй”  2-260201 — “Мененҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ ”
2-18010103-“Эҷодиёти бадеии халқ (фолклор”

донишҷӯйёнро ба таълим фаро гирифтааст. Ихтисосҳои мазкур асосан дар заминаи хатми таҳсилоти умумии асосй (синфи 9) ва аз рӯи заминаҳои хатми таҳсилоти умумии асосй ва миёнаи умумй ба роҳ монда шудааст.

    Масоҳати умумии коллеҷ 5495 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз ин 1273 метри мураббааш ба масоҳати таълимй рост омада, ки ба ҳар сари донишҷӯ ( 373- нафар дар шуъбаи рӯзона ва 278-нафар дар шӯъбаи ғоибона) 3,8 метри мураббаъ рост меояд, ки он ба талаботи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбй (4 м\м бошад) наздик мебошад.

    Коллеҷ дорои чор бинои таълимии як ошёна мебошад, ки ба ғайр аз синфхонаҳои таълимй, дар онҳо ҳуҷраҳои кори роҳбарият, хонаи омӯзгорон, кабинети методй, китобхона, бунгоҳи тиббй ва муҳосибот ҷойгир аст.

     Коллеҷ дорои майдончаи варзишй ва толори варзишй мебошад, ки масоҳати толори варзишй 162 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Инчунин 17 синфхонаи таълимӣ, 16 — синфхонаи тахассусй, ки ҳаммаи онҳо бо ҷойи нишаст ва асбобу анҷомҳои таълимй таъмин буда ва барои таълим ба талабот ҷавобгӯй мебошанд.

      Дар китобхонаи коллел. 9572 нусха китоб аз ҷумла 1100 — нусха адабиётҳои таълимй, 500 — нусха дастурҳои методй, 3000 — нусха адабиётҳои бадей, 300 — нусха китобҳои дарсй, 1572 — нусха китобҳои сиёсй, 1500 — нусха адабиётҳои тоҷикй, 1500 — нусха адабиётҳои мусиқӣ мавҷуд буда ҳамаи онҳо дар рафҳои китобгузорй бо як тартиби муайян гузошта шудаанд Китобхона ҳамасола бо як қатор рӯзномаю маҷалаҳои ҷумҳуриявй обуна мешавад ва имсол низ ба 41 — номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳо: “Омӯзгор”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Илм ва ҳаёт”, “Маърифати омӯзгор”, “Масъалаҳои маориф”, “Тоҷикистон”, “Народная газета”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат”, “Чумҳурият”, “Минбари халқ”, “Оила”, “Дунё”, “Чархи гардун”, “Авицена”, “Насими айём”, “Садои мардум”,“Фирӯза”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Садои Шарқ”, “Русский язык и литература в школах Таджикистана”, “Адаб”, “Модар” ва ғайраҳо обуна шудааст. Қироатхона дорои 25- ҷойи нишаст мебошад.

Теъдоди омӯзгорон

Ҳайати

омӯзгорон

Аз ҳайати омӯзгорон Аз кормандони асоси
Асосй

(штат)

ҳамкор соатбай Унвони илми Дараҷаи илми
Профес. Дотс. Док.илм Ном.илм
Ҳамаги 72 60 6 6 1 1
занон 21 17 4 4
Шум.ум.

омӯзгорон

Дараҷаи тахассусй маълумот
Оли якум дуюм оли олии ноп. миё.мах
Ҳамаги 72 21 28 23 54 4 14
занон 21 4 4 13 11 3 7

      Дар байни омӯзгорон як нафар профессор, 2 нафар унвонҷӯ ( аспирант) ва ду нафар аъзои иттифоқи журналистон фаъолият менамоянд. Коллеҷ пурра бо кадрҳо таъмин мебошад.

This is something you need to look writing services into in conjunction with utilizing your essay providers.

        Яке аз масъалаҳои муҳим дар таълимгоҳ ин иштироки донишҷӯён ва хонандагони литсей ба дарсҳо мебошад, ки аз тарафи маъмурият, роҳбарони синфҳо ва комиссияи назорати дохилии таълимгоҳ доимо назорати қатъй бурда мешавад.Хусусан бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октиябри соли 2006 №32 оиди “Либоси тавсиявии донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидой, миёна ва олии касбй” ва инчунин истифода набурдани телефонҳои ҳамроҳ (мобилй) аз тарафи донишҷӯён ва хонандагон дар ҳолатҳои дарсӣ зери назорати қатъй гирифта шудааст. Нисбати он донишҷӯёне, ки ба дарсҳо бесабаб иштирок намекунанд ва инчунин риояи қарори мазкурро вайрон менамоянд аз тарафи маъмурияти таълимгоҳ чораҳои зарурй андешида мешавад. Бо мақсади дуруст ташкил намудани назорати дохилй дар коллеҷ комиссияи назоратй ташкил карда шудааст. Комиссияи назоратй дар асоси нақшаи солонаи таълимгоҳ фаъолияти худро ба роҳ монда бештар ба иштироки дарсҳо, санҷидани рафти иҷрои барномаҳои таълимй, сифати таҳсилот, санҷидани ҳолати журналҳо, корҳои амалй, иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ғайраро ба ӯҳда гирифтаанд.