Ба муносибати Рӯзи забон дар саҳни муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии бошукуҳ ва мутантан бо иштироки аҳли фарҳангу адабиёт ва санъати ноҳия барпо шуд. Дар Рӯзи забон аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов перомуни сухану суханварӣ ва забони ноби тоҷикӣ шеърҳо қироъат гардид. Ромишгарону мусиқачиён ва овозхонҳо, ки аксарияташон донишҷӯёни шӯъбаи мусиқии ин муассисаи таълимӣ буданд, бо истеъдоду ҳунари худ табъи ҳозиринро шоду болида намуданд.
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар интиҳои чорабинӣ суханронӣ карда ҳозиринро ба ифтихори ҷашни забони тоҷикӣ табрику муборакбод гуфтанд. Ҷамъомадагон бори дигар ба бузургии фарҳанг ва санъати нобамон арҷ гузошта, ба ҳунару истеъдоди устодону донишҷӯёни коллеҷи фарҳанг, ки бо роҳбарии директори таълимгоҳ Оқилов Идрис ҷамъомадро шукӯҳи хоса бахшиданд, кафкӯбиҳо намуданд.