Санаи 23-уми феврали 2019 ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов чорабинии тантанавӣ доир гардид.

         Дар чорабинӣ дироктори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис иштирок ва суханронӣ намуда, устодон ва донишҷӯёни муассисаро ба ифтихори рӯзи Артиши миллӣ табрику муборак гуфта, ба ҳозирин саломатии бардавом, хониши хубу аъло ва ба сарбозону афсарон далерию шуҷоатмандӣ орзӯ намуд.

         Сипас дар вазъияти тантанавӣ аз номи маъмурият ба як қатор омӯзгорон ифтихорномаҳо тақдим гардид.

         Барномаи консертии рангин, ки аз ҷониби устодон ва донишҷӯён омода гардида буд, пешкаши ҳозирин шуд.