Бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ саннаи 5-уми октябри соли 2018дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов чорабинии идона доир гардид.

         Чорабиниро омӯзгори муассисаи таълимӣ Қурбонова Саврия дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигорӣ омода намуданд.

         Дар чорабинӣ директори муаассисаи таълимӣ Оқилов И., ҷонишини директор оид ба тарбия Ҳасанов Б., устоди донишгоҳи ба номи “Парвон” – и Ҷумҳурии исломии Авғонистон Соис Аҷмал ва рӯзноманигори варзидаи ин давлати ба мо ҳамсоя Сардорӣ Хушхон, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буданд ва инчунин омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

         Дар барномаи идона донишҷӯён шеърҳои дар васфи забон бахшидашударо қироат намуданд.

         Инчунин номераҳои рақс, суруд ва саҳначаи тарбиявӣ аз ҷониби донишҷӯён пешкаши ҳозирин гашт.

        Дар давоми чорабинӣ  устоди донишгоҳи ба номи “Парвон” – и Ҷумҳурии исломии Авғонистон Соис Аҷмал  баромад намуда, дар бораи бузургии забони тоҷикӣ ва инчунин рушди соҳаи фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз намуданд.   

         Дар анҷоми чорабинӣ директори муассисаи таълимӣ Оқилов И., низ нисбати ин рӯзи фархунда баромад намуда, меҳмононро барои ташрифашон ба муассисаи таълимӣ ва иштироки онҳо дар чорабинии мазкур арзи сипос намуд.

     Хулоса чорабинии мазкур дар як сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шуд.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>