14  ноябри соли 2020  ба ифтихори 28-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо иштироки устодону донишҷӯёни  муассисаи таълимӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар аввали чорабинӣ ҷонишини директор оид ба таълим Абдураҳмон Аттоев бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад карда, доир ба аҳамияти таърихии баргузории Иҷлосия ва дар рафти  он якдилона ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  намудани Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони халқ, андешаҳояшро иброз намуд. Номбурда, инчунин оид ба хизматҳои беназиру таърихии  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои халқу Ватан ибрози андеша намуд.

Дар рафти ҷамъомад дар фазои идона ба як қатор донишҷӯёни аълохон ва фаъоле,  ки дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявидошта пайваста иштирок менамоянд, Ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Баъдан, барномаи маърифатию фарҳангии омодакардаи устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ ва мусиқӣ-омӯзгорӣ пешкаши ҳозирин гардид, ки ба ифтихори ҳунару маҳорати суханварию шеърхонӣ, сурудхонӣ ва навозандагии онҳо аҳли нишаст кафкубиҳои бардавом заданд.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>