Санаи 15-уми феврали соли 2019 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов озмуни “Чакомаи гесу” бахшида ба солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид. Дар озмун донишҷӯёни шуъбаҳои китобдорӣ, рӯзноманигорӣ, таълими мусиқӣ, эҷодиёти халқ (фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ дар доираи баномаи муайян дастархони идона ороста, 15 номераи алоҳидаро бо як маҳорати баланд иҷро карданд. Намоиши либосҳои миллӣ, қироъати рубоиҳои халқӣ, суруди халқии “Эй ёр”, рақсҳои ҷаззоб воқеан ҳам дар сатҳи шоиста иҷро шуданд, ки аҳли толор ба ифтихори ҳунарашон қарсакҳои бардавом заданд.