Конференсияи илмӣ-амалӣ дар Коллеҷи фарҳанг

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар Коллеҷи фарҳанг

Санаи 30-юми ноябри соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи  маъмурияти Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони  “Зуҳуроти манфии ҷомеаро маҳкум менамоем” баргузор гардид. Дар кори Конференсия муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолзода, муовини сардори ШВКД-1 ноҳия, полковники милитсия Шарифзода Рустам, мудири Кафедраи равандҳои сиёсии ДМТ Шаъбонов Нуралӣ, аъзои Шӯрои ҷимъиятии назди ВКД ҶТ  Саидамирова Фирӯза, муовини Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душаенбе Латипова Гулпарӣ, директори Коллеҷи техникию омӯзгорӣ Ширинзода Наҷмиддин ва дигар меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.

Дар толор  кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳои  ноҳиявӣ, устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П.Бӯйдоқов ва  Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳия ҷамъ омада буданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва ифтитоҳ ёфтани кори Конфересия директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Оқилов Идрис ба минбар баромада, нахуст меҳмонон ва аҳли нишастро хайрамақдам гуфт ва дар назди ҳозирин бо маърӯзаи пурмӯҳтавои худ баромад карданд. Зимни баромадаш номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки  “Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: “Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, Истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад”.

Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва таъкидҳои пайдарпаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд.

Дар Паёмашон Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстеремизм ва тероризмро ҳамчун мавзӯи калидӣ  баҳогузорӣ намуданд.

Воқеан ҳам имрӯз тероризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон  ва ҳар сокини саёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст…

Метавон чунин натиҷигирӣ кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимӣ, фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмиллалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ, бахусус бар зидди терроризм, экстремизм саҳми босазои худро гузорад”.

Баъдан, аз рӯйи Барнома муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолзода, муовини сардори ШВКД-1 ноҳия, полковники милитсия Шарифзода Рустам, мудири кафедраи равандҳои сиёсии ДМТ Шаъбонов Нуралӣ ва омӯзгори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ Саврия Қурбонова бо маърӯзаҳои худ баромад намуданда, андешаҳояшонро оид ба зуҳуротҳои манфии аср, аз қабили терроризм, экстремизм ва мубориза ба муқобили ин падидаҳои бад,  баён намуданд.

Аҳли толор нутқи баромадкунандагоро бо таваҷҷӯҳи хоса шунида,  аз рафти Коференсия барои худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

Дарси тарбиявии намунавӣ оид ба ВНМО (СПИД)

Дарси тарбиявии намунавӣ оид ба ВНМО (СПИД)               

   29 ноябри соли равон дар байни донишҷӯёни бахши 3-юми ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ ва Эҷодиёти халқ (фолклор)-и  Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов аз ҷониби роҳбари гурӯҳ Раҷабова Фарангез ва Ибрагимов Наимҷон бахшида ба 1-уми декабр- Рӯзи умумумиҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масъунияти одам  дарси тарбиявии намунавӣ гузаронида шуд.

 Дар аввал ба саволномаҳои омодакардаи  омӯзгори  номбаршуда   донишҷӯён хеле хуб посух доданд, ки ин аз маълумоти муфассал доштани онҳо оид ба ВНМО (СПИД) гувоҳӣ медиҳад.

Баъдан, донишҷӯи ҳамин гурӯҳ Саидзода Мавлуда тавассути тахтаи синфии электронӣ доир ба мавзӯи дарси тарбиявӣ маърӯзаи худро ироа намуд.

Дар охир устодони муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, ҷонишини директор оид ба тарбия Ш. Шарифова, декани факултети таълими мусиқӣ ва менеҷменети соҳавӣ Ҷ. Ҷаъфаров ва мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ  М. Воҳидов  нисбат ба   дарси тарбиявии доиргардида, фикрӯ  андеша ва таклифу пешниҳодяшонро баён намуданд.

ПАРЧАМИ МО-ИФТИХОРИ МО

ПАРЧАМИ МО-ИФТИХОРИ МО

Санаи 23-юми ноябри соли 2019 ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов тибқи нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳо бо иштироки устодону донишҷӯён ва як гурӯҳ кормандони Шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин тантанаи идона донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, таълими  мусиқӣ ва эҷодиёти бадеии халқ баромад намудаанд. Дар баромадашон донишҷӯён  доир ба таърихи пайдоиш ва аҳмияти  парчамдорӣ барои давлату миллат, маънои рангҳои муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатӣ маълумотҳои зиёдеро ба саъми ҳозирин расониданд. Қироати шеърҳо дар васфи Ватан, Парчами давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯҳо аз ҷониби баромадкунандагон ба чорабинӣ шукуҳи тоза зам намуд. Донишҷӯён бо ҳунару истеъдоди баландашон суруду таронаҳои дилангез,  рақсу саҳначаи тарбивии ҷолиберо пешкаши тамошобинон намуданд,  аҳли нишаст барои ҳунару истеъдоди баромадкунандагон кафкубиҳои зиёд заданд.

Дар охир аз  номи директори  муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис  муовини директор оид ба таълим Атоев Абдураҳмон ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчам табрику муборакбод намуданд.

ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

15  ноябри соли 2019  ба ифтихори 27-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо иштироки устодону донишҷӯёни  муассисаи таълимӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар аввали чорабинӣ директори таълимгоҳ Оқилов Идрис бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад карда, доир ба аҳамияти таърихии баргузории Иҷлосия ва дар рафти  он якдилона ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  намудани Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони халқ, андешаҳояшро иброз намуд. Директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис, инчунин оид ба хизматҳои беназиру таърихии  Пешвои миллат барои халқу Ватан ибрози андеша намуда,  аз ҷумла қайд карданд, ки Тоҷикистони ҷангзада ва аз ҷиҳати иқтисодиёт қафомондаро ба давлати орому пешрафта табдил додан маҳз ба шарофати заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон насиб гардидааст.

Дар рафти ҷамъомад дар фазои идона директори ин даргоҳи илму фарҳанг ба як қатор донишҷӯёни аълохон ва фаъоле,  ки дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявидошта пайваста иштирок менамоянд, Ифтихорномаҳо тақдим намуд.

Баъдан, барномаи маърифатию фарҳангии омодакардаи худро  устодон ва донишҷӯёни, ки ҳам дар шӯъбаи рӯзона ва ҳам дар шӯъбаи ғоибона таҳсил менамоянд, пешкаши ҳозирин гардониданд, ки ба ифтихори ҳунару маҳорати шеърхонӣ, сурудхонӣ ва навозандагии онҳо аҳли нишаст кафкубиҳои бардавом заданд.

Миралӣ Воҳидов,

ХУШИҲОИ ЗИНДАГӢ  АЗ  РУШДИ ФАРҲАНГУ ҲУНАР ВОБАСТА АСТ

ХУШИҲОИ ЗИНДАГӢ  АЗ  РУШДИ ФАРҲАНГУ ҲУНАР ВОБАСТА АСТ

       Санаи 6 ноябри соли  2019 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-сол сипарӣ мегардад.  Ба ин муносибат  5-уми ноябри соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги  ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои фарҳангу маориф, занону ҷавонон,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту идораъҳо ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

        Дар аввал, Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Акрамзода Рустам суханронӣ карда,  аҳли нишастро ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод  гуфта,  аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳамеша дар асоси талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаъолият намоянд ва ба зиндагии бо саодат ноил гарданд.

           Баъадан,  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Ҳамзаалӣ Юсуфӣ баромад намуда, Конститутсияро ба сифати ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан  ба қуллаи мурод  донистанд ва дар анҷоми суханронияшон аҳли нишастро  бо солгарди навбатии қабули Конститутсия шодбош намуданд.

        Дар қисми дуюми ҷамъомад Барномаи мукаммали фарҳангию фароғатии устодону донишҷуёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ва дигар  ҳунармандони  ноҳия  пешкаши  ҳозирин  гардид.

         Ёдовар шудан ба маврид,  ки дар аксарияти номераҳои чорабинии идонаи сатҳи ноҳиявӣ устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо роҳбарии шахси масъул, декани факултети таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавии таълимгоҳ Ҷаъфаров Ҷаъфар фаъолона иштирок намуданд.  Махсусан, дар бораи Конститутсия ва моддаҳои он маълумоти муфассал додани донишҷӯён таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ба худ ҷалб намуд. Инчунин, сурудҳои “Ватан”, “Қарзи ватандорӣ” –ро донишҷӯёни муассисаи  таълимӣ дар сатҳи баланд иҷро намуданд, ки тамошобинон ба ифтихори ҳунару истеъдоди онҳо кафкубиҳои зиёд заданд. Суруди “Холи руят” –ро  омӯзгори  Коллеҷи фарҳанг  Қурбоналӣ Шомаҳмадов бо ҳунари баланди овозхонӣ иҷро карданд.

Воқеан ҳам хушиҳои зиндагии мардум аз  рушди фарҳангу ҳунар вобаста аст, ки ин гуфтаҳоро дар чорабинии идонаи сатҳи ноҳиявӣ аҳли ҳунару фарҳанг, махсусан устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов таҳти  роҳбари  директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис    бори  дигар исбот намуданд.

                                             Миралӣ Воҳидов

АКСИЯИ “ПИРЯХҲОИ ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕМ” ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

АКСИЯИ “ПИРЯХҲОИ ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕМ”

ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

   Санаи 29-уми октябри соли 2019 дар Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Аксия таҳти унвони “Пиряхҳои худро ҳифз намоем”  бо ҷалби устодону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ баргузор гардид.  Дар Аксия бо супориш ва дастгирии директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис донишҷӯдухтарон  дар бар  либосҳои ягона чун рамзи обҳои мусаффои Тоҷикистон ва  донишҷӯписарон  бо шиору навиштаҷотҳо  фаъолона иштирок карда, ба  дигар ҳамсолони худ, аз ҷумла дастпарварони муассисаи таълимӣ  моҳияти масъалаи беҳтар кардани ҳолати экологии муҳити зист ва паст намудани таъсири тағйирёбии иқлимро фаҳмониданд. Дар ин чорабинии фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ омӯзгорони таълигоҳ ҳам саҳми назарраси  худро гузошта, дар рафти дарсҳояшон оид ба аҳамияти баргузор намудани Аксия дар байни шогирдон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

       Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмашон ба Маҷлили Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз санаи 22 декабри соли 2017 иброз намудаанд: “Дар давоми 40-соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад”. Воқеан ҳам бо ин таъкидҳояшон Пешвои  миллат Эмомалӣ Раҳмон хостори он мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ва паст намудани таъсири тағйрёбии  иқлим ба пиряхҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

           Эълон шудани солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор” аз ҷониби Пешвои миллат яке аз тадбирҳои муҳими роҳбари Давлат дар ҳивзи пиряхҳо ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ба ҳисоб рафта, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла сокинони кишварамон аз хатароҳои экологӣ, махсусан пиряхҳо  мебошад.

М.Воҳидов

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

       Бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов санаи 19-уми октябри соли 2019 дар муассисаи таълимӣ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд.

      Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни басти дуввуми ихтисосҳои китобдорӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, инчунин донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ ва таълими мусиқӣ басти аввал бо роҳбарии омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, гулу гулбуттаҳои ороишии мавсимӣ шинониданд ва синфхонаҳоро донишҷӯдухтарон тозаю ороста гардониданд.

       Ёдовар мешавем, ки ба масъалаи сарсабзу хуррам ва тозаю озода нигоҳ доштани  Коллеҷи фарҳанг ва гирду атрофи он директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

[/vc_column_text][/vc_column][/vc_row]

ТАҶЛИЛИ  “РӮЗИ ФАЛАК” ДАР НОҲИЯИ РӮДАКИ

Санаи 3-юми октябри соли 2019 ба муносибати “Рӯзи фалак” дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъомади идона, бо иштироки аҳли фарҳанги ноҳия, аз ҷумла мудири бахши фарҳанг Нариддин Очилдиев, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Насими айём” Рухшона Шобуддинова ва  устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов баргузор гардид.  Чорабинии сатҳи ноҳиявӣ бо сухани табрикотии директори муассисаи таълимӣ Идрис Оқилов оғоз гардида, номбурада доир ба  иқдомҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳояшон баён дошта, аз ҷумла қайд намуданд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз санаи 8 августи соли 2007 ҳар сол дар кишварамон саннаи 3-юми октиябр ҳамчун “Рӯзи фалак” таҷлил мегардад, ки  ба ин муносибат аҳли нишастро табрику муборакбод намуданд.

Дар фаҷоми суханронияшон Оқилов Идрис Сипосномаи маъмурияти Коллеҷи фарҳангро барои ҳамкории  судманд доштан   ба директори Коллеҷи техникию омӯзгории нохияи Рӯдакӣ Ширинзода Наҷмиддин тақдим намуданд.

Баъдан, барномаи консертии идона оғоз ёфт, ки дар он фалаксароёни машҳур, ба монанди Шоҳмаҳмад Қурбонмаҳмадов, Насриддин Очилдиев, Соҳибназари Асомиддин, Илҳомиддини Сироҷиддин , Мавлуда Шомуродова ва  дигарон сурудхонӣ карда, ба ҷамъомади идона шукуҳи хоса бахшиданд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН

3-октябри соли 2019 аз таъсисёбии телевизиони Тоҷикистон 60-сол сипарӣ гашт. Ба ин муносибат аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобдории Коллеҷи фарҳанги ҷумхуриявии ба номи П.Бӯйдоқов чорабинии хотирмони маърифтию фароғатӣ  баргузор карда шуд.

Дар толор устодон ва донишҷӯёни таълимгоҳ ҷамъ омада, аз баромади  донишҷӯён дар бораи таърихи пайдоиш, инкишоф ва рушди телевизион дар Тоҷикистон маълумоти фаровонеро ба худ гирифтанд.

Зимни баромадҳо зикр гардид, ки тилевизиони Тоҷикистон бо ҷидду ҷаҳд ва эҷодкорию навовариҳои кормандонаш дар таҳияи барномаҳо дар байни мардум маҳбубияти хоса пайдо кардааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ташаббус ва саҳми бевоситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои Миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ВАО-и кишвар, аз ҷумла телевизион рушду инкишоф ёфта, фазои итилоотии Тоҷикистонро имрузҳо 13 адад шабакаҳои телевизионии сартосарӣ ва зиёда аз 30-адад шабакаҳои телевизиони минтақавӣ пур менамоянд ва ба мардум ғизои маънавӣ мебахшанд.

Дар қисми дуюми чорабинӣ бо номераҳои суруду мусиқӣ ва рақсҳои зебо баромадкунандагон хотири ҳозиринро боз ҳам болида гардониданд.

Дар охир муовини директор оид ба таълим Аттоев Абдураҳмон суханрони карда ҷамъомадагонро аз номи директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Идрис Оқилов ба ифтихори 60-умин солгарди таъсисёбии телевизиони Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.

КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ АЗ ПЕШТАРА ДИДА ИМРӮЗҲО ЗЕБОТАР ШУДААСТ.

КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ АЗ ПЕШТАРА ДИДА ИМРӮЗҲО ЗЕБОТАР ШУДААСТ

        Ба истиқболи   созовори 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва зебову назаррабо намудани муҳити зист,  рӯзи 28 09 2019  устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов бо роҳбарии директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис ҳашар ташкил намуда, саҳни  таълимгоҳро  бо гулу гулбутаҳои ороишӣ ороста гардониданд, ки ин иқдоми наҷибибу шоиста боиси  дигаргун шудани ҳусни ин муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг гардид.

       Дар рафти ҳашар дар назди роҳравҳо аз ҷониби устодону донишҷуён зиёда аз ҳазор бех гулҳои ороишї шинонида шуданд. Инчунин, ҳашарчиён бехи дарахтонро бо пуррагӣ  нарм  карданд. Имрӯз  синфхонаҳоро тозаю озода намуда, ба зебогии  таълимгоҳ зебогии тоза зам намуданд.

       Дар инҷрои чунин корҳои ободонию зебонигорӣ саҳми омӯзгорон Аттоев А, Шарипова Ш, Ҳасанов Б, Ҷафаров Ҷ, Раҷабов Ф, Ҷамолов З, Шоҳмаҳмадов Қ ва дигарон шоистаи таҳсин мебошад.