ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ  ҒОЛИБИ ОЗМУН ГАРДИД

ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ  ҒОЛИБИ ОЗМУН ГАРДИД

       Дирӯз (28 феврали соли 2020) дар толори Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи модар ва солҳои 2019-2020 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” даври ноҳиявии озмуни  “Суруди  Модар-Алла”  баргузор гардид. Дар озмун зиёда аз 80 нафар донишҷӯдухтарон аз Коллеҷҳо, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва бонувони фаъол аз ташкилоту муассисаҳои   ноҳия   иштирок намуданд.

          Дар озмун, донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷуҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо маҳорати баланди сурудхонӣ иштирок карда, аз байни онҳо донишҷӯи бахши яки ихтисоси рӯзноманигорӣ  Қодирова Мадина,  куратораш Чоршанбиева Ситора бо садои фораму  дилнавоз ва маҳорати баландаш  “Суруди Модар-Алла”  -ро иҷро намуда, ғолиби даври ноҳиявӣ дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт ва бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ низ қадрдонӣ гардид.

        Тавре, директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдлоқов  Идрис Абдураҳимзода  зимни сӯҳбат ба мо иброз намуд, озмун бо мақсади баланд бардоштани худшиносию худогоҳии ҷавонон ва ҳамчунин дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстию меҳанпапрастӣ ва ифтихори миллӣ, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба Модар, Ватан ва рамзҳои давлатӣ дар рӯҳияи наврасону ҷавонон ва дарёфт намудани соҳибистеъдоҳо, чеҳраҳои нав аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд  аз ҷониби Бахши кор ба ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Коллеҷи фарҳанг, ки муассисаи илму ҳунар аст, бояд дар чунин Фестивалу озмунҳо фаъолона иштирок намуда, сазовори зинаҳои ифтихорӣ гардад ва дар рушди фарҳангу санъати тоҷик саҳми бузург гузорад.    

   М.Воҳидов

“КИТОБ-БУЗУРГТАРИН ИХТИРООТИ ИНСОНӢ”

          “КИТОБ-БУЗУРГТАРИН ИХТИРООТИ ИНСОНӢ”

      Санаи 26 феврали соли 2020  бо супориши директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳоб дар толори муассисаи таълимӣ таҳти унвони “Китоб-бузургтарин ихтирооти инсонӣ”  чорабинии маърифатию фароғатӣ баргузор гардид. Барномаи чорабинӣ аз тарафи устодон ва донишҷӯёни кафедраи Рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ омода гардида, пешкаши аҳли нишаст гардид. 

         Бояд ёдовар шуд, ки  донишҷӯёни ғоибхони Коллеҷи фарҳанг низ дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, бо суруду оҳангҳои пурмазмуну дилнишин ва рақсҳои зебо ба чорабинӣ шукуҳи тоза зам намуданд. Аз рӯи барнома роҷеъ ба таърихи пайдоиши китоб ва аҳамияти он, қироати шеърҳо дар васфи китобу китобхонӣ, иқтибосҳо доир ба қадрдонии китобу китобхон аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати ммиллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфторҳои бузургон дар ситоиши китоб, саҳначаи тарбиявӣ ва дигар номераҳоро донишҷӯён дар сатҳи баланд иҷро намуданд.

           Дар охир декани факултети таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавии Коллеҷи фарҳанг Ҷаъфаров Ҷаъфар суханронӣ намуда, таъкиду ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ммиллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид  мутолиаи китоб  ба саъми  ҳозирин расонид ва ҳарчи бештар ба ин монанд  гузаронидани маҳфилҳоро ба устодону донишҷӯён  таъкид намуд.

М. Воҳидов

ОМӮЗИШИ НУҚТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

ОМӮЗИШИ НУҚТАҲОИ ПАЁМ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

       25 феврали соли 2020 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо мақсади боз ҳам хубтар омухтани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсуфӣ, директори Коллеҷ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳоб, устодон ва донишҷӯёни фаъоли муассисаи таълимӣ  ҷамъомад баргузор гардид.

         Нахуст, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсуфӣ баромад намуда, Паёми Пешвои миллатро чун ҳуҷҷати  роҳнамо ва китоби рӯимизии кормандони ташкилоту идораҳо номид. Дар идомаи баромадаш номбурда аз дастовардҳои халқи Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуданд. Ҳ. Юсуфӣ зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон чунин таъкид намудаанд:-“Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демокраӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”. Бинобар ин аз ҳозирин ҳоҳиш намуд, ки дар таълиму тарбияи шогирдони сазовори давру замон саҳми намоён гузоранд. Дар рафти баромадаш Ҳ.Юсуфӣ, инчунин ёдовар шуданд, ки санаи 1 марти соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мегардад, ки дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд.

        Сипас, як зумра омӯзгорони таълимгоҳ  суханронӣ карда, бо ифтихор ёдовар шуданд, ки  имрӯзҳо дар фазои сулҳу салоҳ ва давлати соҳибистиқлол фаъолият намуда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагии саодатмандона ноил гардидаанд. Дар оянда боз ҳам Тоҷикистон рушд менамояд, зеро дар Паёми Пешвои миллат дурнамои тамоми соҳаҳо нишон дода шудааст, ки умедҳоро ба гул-гулшукуфоии Тоҷикистон зиёд намудааст.

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

       Бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов санаи 22-юми феврали  соли 2020 дар муассисаи таълимӣ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд. Масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи  Коллеҷи фарҳанг ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни таълимгоҳ зери таваҷҷӯҳи хосаи директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳҳоб карор дорад.

      Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни басти якуми ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, рӯзноманигорӣ ва таълими мусиқӣ бо роҳбарии омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм карда, ҷӯйборҳоро тоза намуда, гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинониданд ва синфхонаҳоро донишҷӯдухтарон тозаю ороста гардониданд.

         Амалӣ намудани тадбирҳои  ободонию зебоинигорӣ  дар сартори кишвар имрӯзҳо бо маром идома доранд. Ин ҳама корҳои созанда бо мақсади иҷроиши  сиёсати созандагию ободонии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовори 30-солагии  Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

      М. Воҳидов 

Чорабинӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар Коллеҷи фарҳанг

Чорабинӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар Коллеҷи фарҳанг

      Санаи 20 феврали  соли  2020 ба муносиати таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов  чорабининии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳҳоб, кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия Раҳимов Абдуқодир, Ҳасани Темурхон, омӯзгорон ва донишҷӯёни таълимгоҳ  иштирок намуданд.

     Баъд аз  садо додани суруди миллӣ ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардида, аз ҷониби донишҷӯён нахуст гашти низомӣ иҷро гардид. Санвганди ҳарбиро донишҷӯи ихтисоси  рӯзноманигорӣ  дар сатҳи хуб қироат намуд. Аз рӯи барномаи чорабинӣ  донишҷӯёни ихтисоси таълими мусиқӣ бо хондани сурудҳо дар васфи Ватан ва навозиш бо асбобҳои миллии мусиқӣ ҳунарнамоӣ намуданд. Саҳначаи тарбиявие, ки  донишҷӯёни ихтисоси эҷодиёти халқ  пешкаши ҳозирин намуданд, писанди тамошобинон гардид. Донишҷӯёни ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ дар васфи Ватан, Артиши миллӣ, Пешвои миллат шеърҳои беҳтаринро қироат намуданд. Бояд гуфт, ки ду номераи дигари чорабиниро донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ ва Менеҷмен бо завқи баланд иҷро намуда, сазовори кафкубиҳои зиёд шуданд. Инҳо бандкашӣ ва вазнбардорӣ буда,  яке аз навъҳои бозиҳои варзишии миллии мо тоҷикон ба ҳисоб меравад ва аз ҷониби донишҷён дар сатҳи хуб иҷро гардиданд.

           Дар охири ҷамъомад директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳҳоб ва кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия Раҳимов Абдуқодир, Ҳасани Темурхон суханӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони Ватан-Модарро бо фарорасии солгарди Рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод гуфта, аз донишҷӯписарон даъват ба амал оварданд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша тайёр бошанд.

          Дар охири  ҷамъомад директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳҳоб ба меҳмонон ва як қатор устодону донишҷӯёни фаъол Ифтихорнома тақдим намуд.

Миралӣ Воҳидов

ШАНБЕГӢ БАХШИДА БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН

ШАНБЕГӢ БАХШИДА БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН

      Дар доираи нақша-чорабиниҳои оид ба гузаронидани маъраки сиёсии дар пеш истода, интихоботи вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад,   аҳли устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ва бо мақсади гузаронидани аксияи тозагии атроф, имрӯз дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ ҷӯйборҳо ва шоҳроҳу ҷойҳои ҷамъиятиро аз партовҳо тоза намуда, донишҷӯён баҳри тоза ва озода нигоҳ доштани кӯчаву гузаргоҳҳо ва ҷӯйборҳо аксияи дар боло зикр гардидаро ташкил намуда, партовҳоро аз ин макон берун намуданд.

Қурбонова С.

«Танзим — беҳбудии оила ва ҷамъият”

«Танзим — беҳбудии оила ва ҷамъият

      Бо мақсади саҳм гузоштан дар амалӣ гардидани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиситон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Барономаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳои 2014-2023”  тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи маъмурияти Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов санаи  7- уми декабри соли 2019 дар толори мактаби мусиқии бачагонаи ба номи М. Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи  тадбирҳои “16-Рӯзи пешгирии зуроварӣ дар  оила” чорабинии маърифатию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабнӣ муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, директори хазинаи Авру Осиёгии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон  Азизҷон Сайфуллоев, Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ, Генерали адлияи дараҷи 3 Шаҳидуллозода Муҳаммадвалӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД ҶТ Саидамирова Фирӯза, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Гулпарӣ Латипова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ ва дигар меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.

Дар оғоз директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуривии ба номи П.Бӯйдоқов Идрис Оқилов дар назди ҳозирин маърӯза намуда,  оид ба арзиши оила дар назди давлат ва аҳамияти пойдории он андешаҳои худро иброз намуд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия зимни баромадаш аз ҷумла қайд карданд, ки: “Чорабинии имрӯза бениҳоят ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, барои азму талоши зиндагӣ, сарҷамъию муттаҳидӣ, дилсузию масъулиятнокӣ ҳар яки мову шуморо водор менамояд, ки барои эмин доштани арзишҳои инсонӣ саҳмгузор бошем”.

Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ Шаҳидуллозода Мӯҳаммадвалӣ ҳангоми суханронияш аз ҷиноятҳое, ки дар оилаҳо содиршуда, боиси нигаронии  кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия гардидаанд, ёдовар шуда, аҳли нишаст ва дар симои онҳо ҳар як сокини ноҳияро ба эҳтиром намудани худ ва дигарон даъват намуд.

Зимни маърӯзаҳояшон дигар баромадкунандагон ҳам оид бо хушбахтии оилаҳо фикру мулоҳизаҳояшонро баён карданд.

Дар қисми дуюми чорабнӣ устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов барномаи мукаммали фарҳангии омодакардаашонро манзури ҳозирин гардониданд, ки аҳли нишаст ба ифтихори фарҳангу санъати баромадкунандагон кафкубиҳои бардавом заданд.

Миралӣ Воҳидов[/vc_column_text][/vc_column][/vc_row]

САҲМИ ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ

САҲМИ ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба муносибати 30-умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи  18 декабри соли  2019  устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов бо роҳбарии директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис ба Боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ рафта,  гирду атрофи  ин мавзеи фарҳангию фароғатиро тозаю  озода  намуда,  бехи дарахтонро нарм ва гулҳои ороиширо аз алафҳои бегона тоза намуданд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимяимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои пиёда сохтани ин иқдоми наҷибибу шоистаи ибрат, ба маъмурият ва устодону донишҷӯёни муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов арзи миннатдорӣ намуданд.

 

М.Воҳидов

Барои паст гардидани шиддати коррупсия саҳмгузор бошем

          Аз рӯи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи маъмурияти Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов санаи  14- уми декабри соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ коференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Омилҳои хатарноки коррупсия дар Тоҷикистон”  баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини сардори Раёсати 1-уми дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсуфӣ,  мудири Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Ситора Ҳалимова, муовини сардори ШВКД-1 ноҳия, полковники милитсия Шарифзода Рустам ва дигар меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд. Дар толор устодон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ҳузур доштанд.

Дар оғоз директори Коллеҷи фарҳанг Идрис Оқилов дар назди ҳозирин маърӯза намуда,  оид ба “Зарари коррупсия дар замони муоссир” андешаҳои худро иброз намуд. Номбурда, зимни суханронияш аз ҷумла чунин иброз намуд: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб мешавад.

Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ва пешгирӣ аз омилҳои он мусоидаткунанда сол то сол пурзур шуда истодааст”.

Зимни маърӯзаҳояшон дигар баромадкунандагон низ  оид ба дарёфти роҳҳои мубориза  бар зидди коррупсия фикру мулоҳизаҳояшонро баён карданд.

Чорабинии Коллеҷи фарҳанг  оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила

Чорабинӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов

Бо мақсади саҳмгузоштан дар амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиситон“ Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Барономаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳои 2014-2023” тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқ намудаи маъмурияти Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов санаи 7- уми декабри соли 2019 дар толори мактаби мусиқии бачагонаи ба номи М. Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи тадбирҳои “16-Рӯзи пешгирии зуроварӣ дар оила” чорабинии маърифатию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ зиёда аз 250 нафар донишҷуён, аз он ҷумла, муовинираиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, директории Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон Азимҷон Сайфиддинов, Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ, Генерали адлияи дараҷаи 3 Шаҳидуллозода Муҳаммадвалӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД ҶТ Саидамирова Фирӯза, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Гулпарӣ Латипова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ ва дигар меҳмонони даъват шуда иштирок намуданд.

Дар оғоз директории Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуривии ба номи П.Бӯйдоқов Идрис Оқилов дар назди ҳозирин маърӯза намуда,  оид ба арзиши оила дар назди давлат ва аҳамияти пойдории он андешаҳои худро иброз намуд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия зимни баромадаш аз ҷумла қайд карданд, ки: “Чорабинии имрӯза бениҳоят зарурӣ ва ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, барои азму талоши зиндагӣ, сарҷамъию муттаҳидӣ, дилсузию масъулиятнокӣ ҳар яки мову шуморо водор менамояд, ки барои эмин доштани арзишҳои инсонӣ саҳмгузор бошем”.

Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ Шаҳидуллозода Муҳаммадвалӣ ҳангоми суханронияш аз ҷиноятҳое, ки дар оилаҳо содир шуда, боиси нигаронии кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия гардидаанд, ёдовар шуда, аҳлини шаст ва дар симои онҳо ҳар як сокини ноҳияро ба эҳтиром намудани худ ва дигарон даъват намуд.

Зимни маърӯзаҳояшон дигар баромадкунандагон ҳам оид бо хушбахтии оилаҳо фикру мулоҳизаҳояшонро баён карданд.

Дар қисми дуюми чорабинӣ устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов барномаи мукаммали фарҳангии омода кардаашонро манзури ҳозирин гардониданд, ки аҳли нишаст ба ифтихори фарҳангу санъати баромадкунандагон кафкубиҳои бардавом заданд.

                 Миралӣ Воҳидов, омӯзгори КФҶ баноми П. Бӯйдоқов