Ҷавонон — парчамбардори имрӯз ва фардои миллат!

Ҷавонон — парчамбардори имрӯз ва фардои миллат!

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” бахшида ба Рӯзи ҷавонон мизи мудаввар таҳти унвони  “Ҷавонон — парчамбардори имрӯз ва фардои миллат!” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти муассиса омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.  Мизи мудавварро директори муассиса Разоқзода Салоҳиддин ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки имрӯз давлату ҳукумат, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди зеҳнии ҷавонон диққати махсус зоҳир менамоянд. Хусусан, ба роҳ мондани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат барои насли ҷавон мебошад, таъкид намуданд Разоқзода Салоҳиддин. Ҳамзамон дар мизи мудаввар ҷонишини директор оид ба таълим Ҷаъфаров Ҷаъфар ва муовини директор оид ба тарбия Шарифова Шаҳло суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” солиёни дароз барои таълиму тарбияи ҷомеъа саҳми арзанда гузоштааст. Ин даргоҳи муқаддасро даҳҳо шахсиятҳои буруманди кишвар хатм намуда, дар пешрафти илму фарҳанг саҳми босазои худро гузоштаанд. Имрӯз низ саҳми муассиса дар таълиму тарбияи ҷавонон хеле назаррас аст. Сипас омӯзгорон Ҷамолов Зиёзуддин, Қурбонова Саврия, Муҳаммаднамӣ Баёнӣ, доир ба таълиму тарбия ва илмомӯзии донишҷӯён ибрози андеша намуданд. Дар интиҳо донишҷӯёни муассиса дар мавзӯҳои Ватану ватандӯстӣ аз шоирони муосир шеърҳо қироат намуданд.

Мудири кафедари «Рӯзноманигорӣ»                              Воҳидов М. 

Консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» дар сатҳи баланд бургузор гардид

Консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» дар сатҳи баланд бургузор гардид

5-уми майи соли 2022 консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов», бахшида ба муносибати 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рўдакӣ баргузор гардид.

Дар консерти ҳисоботӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини  раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳамзаалӣ, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода ва дигар меҳмонону устодон ва дониҷӯёни муассиасаи таълимӣ иштирок карданд.

Аз рӯи барнома донишҷӯёни таълимгоҳ баромад карда, маҳорату ҳунари тули як сол аз устодон омӯхтаашонро манзури тамошобино гардониданд. Ҳозирин ба номераҳои хори умумӣ «Ҷашни Истиқлол», навозиши умумӣ «Субҳи Ватан», навозиш бо сози ѓиҷҷак «Рақси кулобӣ», навозиш бо сози қонун «Навои Бухоро», навозиш бо дутор «Гулдастаи дил», навозиш бо сози най «Рақси ҷавонӣ», саҳнаи тарбиявӣ  «Модар», «Весёлая кадрил» оҳанги В.Темнов, навозиш дар сози фортепиано «Токатино», сурудҳои «Меҳри Ватан», «Лола баромад» ва сюитаи рақсӣ диққати хоса дода, барои маҳорати баланди иҷрокунандагони онҳо кафкубиҳои бардавом заданд.

Баъд аз анҷоми барномаи консерти ҳисоботӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳамзаалӣ, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода, мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҷалолзода Хайриддин  ва директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» Разоқзоқзода Салоҳидин Шамсидин ба минбар баромаданд.

Нахуст муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо суханронӣ карда, барои дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронидани  консерти ҳисоботӣ ба маъмурият ва устодону донишҷӯёни таълимгоҳ баҳои арзанда дода, инчунин номбурда иброз намуд, ки дар оянда аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коллеҷи фарҳанг тақдими китобҳои тозанашр дар назар дошта шудааст ва Вазорати фарҳанг омодааст, ки минбаъд ҳам ин таълимгоҳро дар ҳама самтҳо дастгирӣ намояд.

Сипас, директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» Разоқзоқзода Салоҳидин Шамсидин суханронӣ карда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фарҳангро  ҷавҳари ҳастии миллат номидаанд. Ин баҳои олии Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг мо аҳли фарҳангу санъатро  водор менамояд, ки барои рушди соҳа фаъолиятамонро боз ҳам ҷоннок намуда, дар тарбияи ҷавонону донишҷӯёни  соҳибҳунару донишманд саҳми шоиста гузорем.

Дар охири ҷамъомад аз ҷониби меҳмонон ба як қатор устодону донишҷӯёни фаъол аз номи маъмурияти таълимгоҳ Сипоснома ва ба даҳ нафар донишҷӯёни дигар, ки нав  ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд, билети ҳизбӣ   тақдим карда шуд.

 

 

Миралӣ Воҳидов, мудири кафедраи

“Рӯзнманигорӣ ва китобхонашиносӣ”

Ҳашари умумӣ дар Коллеҷи фарҳанг

Ҳашари умумӣ дар Коллеҷи фарҳанг

30 апрели соли 2022 дар Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бахшида ба Иди Ғалаба ва бо мақсади сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист, тозаю назаррабо намудани гидрду атрофи муассисаи таълимӣ бо ташабус ва  роҳбарии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар муассисаи таълимӣ, директори Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги љумњуриявии ба номи П.Бўйдоќов” Разоқзода Салоҳидин Шамсидин ҳашари умумӣ гузаронида шуд.

Дар рафти ҳашар аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҲХДТ, аз ҷумла донишҷӯёни шакли таҳсилашон ҳам ғоибона ва ҳам рӯзона, инчунин омӯзгорон зери назорати маъмурияти таълимгоҳ бехи дарахтон ва гулҳои садбаргро нарм намуданд, ҷӯйборҳои атрофи муассисаро аз партовҳо тоза ва алафҳои худрӯйро чинданд. Синфхонаҳоро  донишҷӯдухтарон боз ҳам тозаву озода намуданд.

                                                        Гузориши Миралӣ Воҳидов

“ФӮРҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

“ФӮРҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

           Санаи 28 апрели соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” даври аввали Озмуни љумњуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар толори таълимгоҳ  баргузор гардид.

Дар ҷамъомад маъмурият, устодону донишҷӯён ва  16  нафар  донишҷӯёни фаъол, ки аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон барои иштирок намудан ба қайд гирифта шуда буданд, ширкат доштанд.

Дар оғози ҷамъомад директори Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” Разоқзода Салоҳидиин Шамсидин суханронӣ карда, аз ҷумла иброз намуд, ки ҷињати иљрои сариваќтии Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-15 даври аввали озмун дар муасcисаи таълимӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

Тавре хабар доред тули се сол аст, ки Озмуни љумњуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор мешавад.

Воқеан ҳам дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими Истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Аз ин ру, Давлат ва Ҳукумати кишвар барои соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ тадбирҳои муассир меандешанд. Далели ин гуфтаҳо иқдоми Пешвои миллат дар бораи баргузор кардани Озмуни љумњуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.

Аз рӯи Низомнома  маълум аст, ки озмуни мазкур ба мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.

Баъдан, баромадкунандагон аз рӯи номитсияҳои муайян маҳорат ва дониши худро ба ҳакамон манзур карданд, ки аз байни онҳо Қодиров Муҳаммад, Раҷабова Мавлуда, Қодирова Мадина, Файзуллева Малоҳат, Сафарова Маҳина аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, Саматова Шукрона аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ва Сабринаи Ҷамолиддин, Сафарова Нодира, аз номитсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ ба даври дуюми озмун, ки моҳи май дар сатҳи ноҳия доир мегардад, роҳ ёфтанд.

Миралӣ Воҳидов, мудири кафедраи “Рӯзноманигорӣ  ва китобхонашиносӣ”

Иштироки фаъолона дар вохӯрии навбатӣ

Иштироки фаъолона дар вохӯрии навбатӣ
Санаи 27 апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи ШВКД -1 дар ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрии муовини сардори ШВКД -1 дар ноҳия, Полковники милитсия Шарифзода Рустам бо аъзоёни гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ноҳия баргузор гардид, ки дар он, аз ҷумла 30 нафар гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” таҳти роҳбарии муовини директор оид ба таълим Ҷаъфаров Ҷаъфар фаъолона иштирок намуданд.
Нахуст, Полковники милитсия Шарифзода Рустам ташрифаши аъзоёни гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ноҳияро ба ШВКД -1 дар ноҳия хайрамақдам гуфт. Номбурда бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад карда, ба аъзоёни гурӯҳ барои саҳми бузургашон дар баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва корҳои ободони ноҳия баҳои баланд дода, аз ҳозирин хоҳиш кард, ки сатҳи маърифатнокии худро боз ҳам баланд бардоранд ва бо интизоми намуна дар рушди ҷомеаи орому осуда саҳми бештар гузоранд.
Сипас, чанде аз иштирокчиёни вохурӣ ба минбар баромада, таассуроти худро аз ҷамъомади баргузоргардида баён намуданд.

Устодон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” дар корҳои ободонии ноҳия саҳми худро гузоштанд

Устодон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” дар корҳои ободонии ноҳия саҳми худро гузоштанд

         Дар асоси нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассисаи таълимӣ, дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, саннаи 16 апрели соли 2022 таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоќов»  Разоқзода Салоҳидин Шамсидин омўзгорону донишҷўён ба шанбегӣ баромада, дар корҳои ободонї ва  тозаю зебо гардонидани  маркази ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён саҳми назаррас гузоштанд. Иштирокчиёни шанбегӣ дар рафти корҳои созандагӣ бехи дарахтон, аз ҷумла арчаҳои ҳамешасабзро побел намуда, атрофи гулҳои  садбаргро   нарм карданд ва ҷӯйборҳои кучаҳои марказиро аз ҳар гуна партовҳо тоза гардониданд.

Инчунин, имрӯз гурӯҳи дигари донишҷӯён дар шамбегии ҳудуди таълимгоҳ низ фаъолона иштирок карда, бехи арчаҳои ҳамешасабзро побел намуда, атрофи гулҳои садбаргро аз алафҳои худруй тоза ва  нарм   карданд.  Ҷӯйборҳои обгузаре, ки дар  наздикии  таълимгоҳ мавҷуданд, аз ҳар гуна партовҳо тоза карданд. Донишҷӯдухтарон саҳни таълимгоҳро руфта ороста гардониданд.

.

 

  Миралӣ Воҳидов, мудири кафедраи       “Рӯзноманигорӣ ва китохонашиносӣ”

 

НАВРӮЗИ  МД «КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВИИ БА НОМИ П.БУЙДОҚОВ»

НАВРӮЗИ  МД «КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВИИ БА НОМИ П.БУЙДОҚОВ»

          Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ин тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва  мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонибинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати наврасон ба донишомӮзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари ҷавонону донишҷӯён аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир ба  шумор меравад.

         Қобили қайд аст, ки дар асоси Нақша-чорабиниҳои МД «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқов» ва ҳамзамон бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз» санаи 19 марти соли 2022 дар майдончаи варзишии МД «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқов» барномаи идонаи наврӯзӣ таҳти унвони «Суманак зеби дастархони Наврӯз» ва намоиши васеи ҳунарҳои миллии мардумӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.

         Дар оғоз нахуст директори муассисаи таълимӣ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин бо суханони шодбошӣ чорабинии фарҳангиро ифтитоҳ намуда, сипас бо арзи эҳтиром ҳайати меҳмонону намояндагонро ба кули иштирокчиён муаррифӣ намуд.

         Аз ҷониби меҳмонон муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод бо суханони табрикотӣ кулли иштирокчиёнро ба хусус омӮзгорону донишҷӮён ва ҷавонони ҳунарманду боистеъдодро ба муносибати таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз», оғози фасли зебои баҳор самимона табрику муборакбод намуда, қайд карданд, ки бо ташабус ва дастгирии Пешвои муаззами миллат аз миёни рамзҳои наврӯзӣ аз ҷумла: бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор, инчунин парандаҳои асотирии симурғ, парасту ва ғайра иборат мебошанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад-омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул ва тасдиқ гардида, бо ин мақсад минбаъд сабзаи суманак, гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ дар баргузории иди Наврӯз истифода хоҳанд гашт.

       Инчунин бо суханони табрикотӣ намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Назаров Олим ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ «Насими айём» Шоҳубиддинова Рухшона бо суханони шодбошӣ баромад намуда, кулли ширкаткунандагонро ба муносибати таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз» табрик гуфтанд.

         Сипас баъди анҷоми суханони табрикотӣ ба 4-нафар омӯзгорону ҳунармандони муассиса сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ тақдим гардида, инчунин ба теъдоди 10-нафар кормандони ҷавону болаёқат барои ба сафи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ қабул гардидан дар вазъияти тантанавӣ билети ҳизбӣ супорида шуд.

        Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии идонаи наврӯзӣ намоиши васеи таъомҳои миллӣ, дастархони ҳафтсин-ҳафтшин, суманакпазӣ, оши бурида, оши палов, қурутобу шакароби миллӣ, таҳмолпазӣ, кулчақанду ҳалвои дегӣ, инчунин гулдӯзию чакандӯзӣ, қуроқбофӣ, хонаи арӯсон, усмамолию чолбандбофӣ, гаҳворабандӣ, бандкашӣ, шохмотбозию шашкабозӣ ва намоиши васеи асбобҳои миллии мусиқӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ки ба меҳмонону тамошобинон боиси болидарӯҳӣ гардида, ба онҳо хело писанд омад.

Дар идомаи чорабинии наврӯзӣ аз ҷониби санъаткорони шинохта ва ҳунармандону истеъдодҳои ҷавони муассиса барномаи театрикунонидашуда, бо пешниҳоди суруду таронаҳои баҳорӣ, Маликаи наврӯзӣ, навозиш бо созҳои мусиқии миллӣ, найбазм, дойрабазм, карнайбазм, бо ҳамсадоии созҳои зарбӣ, рақсҳои ҷолиб ва фалаксароии миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоси наврӯзӣ баргузор гардид, ки хотири мухлисону иштирокчиёнро шод гардониданд.

                                                                   Гузориши Миралӣ Воҳидов

 

ВОХӮРИИ УСТОДОНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ВОБАСТА БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

ВОХӮРИИ УСТОДОНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ВОБАСТА БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

          Санаи 14  марти  соли 2022 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” бо иштироки роҳбарият, устодону омӯзгорон ва волидайни донишҷӯёни бахши  2-и ихтисоси “Китобдорӣ ва китобхонашиносӣ” сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар маҷлис директори муассисаи таълимӣ Разоқзода Салоҳиддин Шамсидин,  ­­муовини директор оид ба таълим Ҷафаров Ҷ., ­ сардори шӯъбаи таълим Ҳасанов Б., мудири кафедраи “Рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ” Воҳидов М, декани факултет Ҷамолов З, устоди самти китобдорӣ Собиров Тоҳирҷон, Собирова Л, инчунин падару модарон ва донишҷӯён иштирок карданд.

           Нахуст, директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин бо сухани ифтитоҳи баромад намуда изҳор доштанд, ки бо маќсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоќот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 24-уми феврали соли 2022, дар мавриди пешгирии гаравиши ҷавонону наврасон ба гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ, таълимоти ѓайриќонунии динӣ ва пурзӯр намудани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, махсусан дар байни наврасону ҷавонон, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, одобу ахлоќи ҳамида ва эҳтирому риояи қонун тарбия кардани онҳо, инчунин ҷиҳати иҷрои бандҳои Наќшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муќовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баромад карда, аз падарону модарони донишҷӯён хоҳиш намуд, ки ҳамеша бояд фарзандонро панду насиҳат диҳем, зери назорати қатъӣ гирем ва ба тарзи либоспӯшӣ, чигуна хонданашон, одобу ахлоқашон таваҷҷуҳ намоем. Агар дар хона волидайн  ва дар муассиса мо омӯзгорон ҷавононро ба хондани китобҳо ва аз худ намудани илму ҳунар роҳнамун созем, боиси баланд гаштани масъулияти донишҷӯён мегардад.  

        Инчунин, директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин дар идомаи суханрониашон вобаста ба иштироки донишҷӯён ба Озмунҳои “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифтат”-ро ба устодону волидайни донишҷӯён изҳор дошта, ҳамзамон андешаҳояшро дар бораи иҷрои доимии масъалаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба иштирокчиён баён намуданд.

        Дар рафти маҷлис падару модарон ҳам суханронӣ намуда, омодагии худро  ҷиҳати назорат намудан аз болои фарзандонашон дар вақти дарсӣ ва берун аз соатҳои дарсӣ ва боз ҳам робитаи зич доштан бо муассисаи таълимӣ баён намуданд.

                                                                Гузориши Миралӣ  Воҳидов

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

8-МАРТ ИДИ МОДАРОН  МУБОРАК!

             5 марти соли 2022 бахшида ба Рӯзи Модар дар толори Муассисаи давлатии “Коллеҷи  фарҳанги ҷумҳуривии ба номи П.Бӯйдоқов” ҷамъомади идона бо иштироки тамоми бонувону занон ва омӯзгорону  донишҷӯён чорабинии фарҳанги баргузор гардид.

           Дар оғози ҷамъомад нохуст бо суханони табрикотӣ директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин суханронӣ намуда, тамоми модарону бонувонро самимона ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу намуд.

            Номбурда, нақши бонувону занонро дар таълиму тарбияи насли ҷавон бахусус донишҷӯён ниҳоят муҳиму арзишманд арзёбӣ намуда, бо хушнудӣ изҳор намуд, ки маҳз бо ташаббусу дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола бахшида ба иду ҷашнҳои миллӣ дар мамлакат беш аз садҳо чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланди фарҳангӣ, баргузор мегардад, ки дар он саҳми арзандаи тамоми Модарону бонувони тоҷик назаррасаст.

                Баъдан, аз ҷониби маъмурияти муассиса ба як қатор донишҷӯёни фаъол ва инчунин кормандону омузгорони муассиса ифтихорномаву тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

               Дар қисмати дувуми чорабинӣ баъд аз анҷоми барномаи идонаи консертӣ тақдим ва муаррифии 11-адад мачмуъи созҳои мусиқии миллӣ аз ҷумла: рубоб, рубоби прима, дутор, ғиҷак, чанг, най ва дойра, ки санаи 2.03.2022 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассиса тақдим гардида буд, бо изҳори хушнудиву сарфарозӣ дар назди иштирокчиёни чорабинӣ ба омузгорону донишҷўёни кафедраи “Таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ” барои баланд бардоштани сифати таълим ва омодагии машғулиятҳои таълими мусиқӣ супорида шуд.

                                                                                                                                                                                                            Миралӣ Воҳидов

8-МАРТ ИДИ МОДАРОН  МУБОРАК!

8-МАРТ ИДИ МОДАРОН  МУБОРАК!

 Табрикоти Директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов» Разоқзода Салоҳидин Шамсидин ба муносибати 8-март «Иди Модарон»

 

            Бо камоли эҳтирому самимият тамоми бонувону омузгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ва дар симои онҳо кули модарону хоҳарони азизро ба муносибати 8-март таҷлили Рӯзи Модар сидқан ва самимона табрику муборакбод менамоем.

Боиси тазаккур аст, ки маҳз бо ташаббусу дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола бахшида ба иду ҷашнҳои миллӣ дар мамлакат беш аз садҳо чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланди фарҳангӣ, баргузор мегардад, ки дар он саҳми арзандаи тамоми Модарону бонувони тоҷик назаррасаст.

Аз ин рӯ, аҳли ҳунару санъати Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов» бо азму иродаи қавӣ итминони комил доранд, ки дар оянда низ бо ѓамхорию дастгирии доимии Модарон, файзу баракати дарстархони мардуми  тоҷик пурбаракат гардида, миллати фарҳангдӯсти Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат баҳри ободию шукӯфоии ватани маҳбубамон боз ҳам қадамҳои устувору пурсамар мегузоранд.

Бо такя ва хушнудӣ аз ин гуфтаҳо бори дигар тамоми модарону бонувони азизро ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар сидқан ва самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, сарбаландиву саодатмандӣ ва комёбиҳоро таманно дорем.