Консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» дар сатҳи баланд бургузор гардид

Консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» дар сатҳи баланд бургузор гардид

5-уми майи соли 2022 консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов», бахшида ба муносибати 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рўдакӣ баргузор гардид.

Дар консерти ҳисоботӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини  раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳамзаалӣ, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода ва дигар меҳмонону устодон ва дониҷӯёни муассиасаи таълимӣ иштирок карданд.

Аз рӯи барнома донишҷӯёни таълимгоҳ баромад карда, маҳорату ҳунари тули як сол аз устодон омӯхтаашонро манзури тамошобино гардониданд. Ҳозирин ба номераҳои хори умумӣ «Ҷашни Истиқлол», навозиши умумӣ «Субҳи Ватан», навозиш бо сози ѓиҷҷак «Рақси кулобӣ», навозиш бо сози қонун «Навои Бухоро», навозиш бо дутор «Гулдастаи дил», навозиш бо сози най «Рақси ҷавонӣ», саҳнаи тарбиявӣ  «Модар», «Весёлая кадрил» оҳанги В.Темнов, навозиш дар сози фортепиано «Токатино», сурудҳои «Меҳри Ватан», «Лола баромад» ва сюитаи рақсӣ диққати хоса дода, барои маҳорати баланди иҷрокунандагони онҳо кафкубиҳои бардавом заданд.

Баъд аз анҷоми барномаи консерти ҳисоботӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳамзаалӣ, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода, мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҷалолзода Хайриддин  ва директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» Разоқзоқзода Салоҳидин Шамсидин ба минбар баромаданд.

Нахуст муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо суханронӣ карда, барои дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронидани  консерти ҳисоботӣ ба маъмурият ва устодону донишҷӯёни таълимгоҳ баҳои арзанда дода, инчунин номбурда иброз намуд, ки дар оянда аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коллеҷи фарҳанг тақдими китобҳои тозанашр дар назар дошта шудааст ва Вазорати фарҳанг омодааст, ки минбаъд ҳам ин таълимгоҳро дар ҳама самтҳо дастгирӣ намояд.

Сипас, директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» Разоқзоқзода Салоҳидин Шамсидин суханронӣ карда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фарҳангро  ҷавҳари ҳастии миллат номидаанд. Ин баҳои олии Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг мо аҳли фарҳангу санъатро  водор менамояд, ки барои рушди соҳа фаъолиятамонро боз ҳам ҷоннок намуда, дар тарбияи ҷавонону донишҷӯёни  соҳибҳунару донишманд саҳми шоиста гузорем.

Дар охири ҷамъомад аз ҷониби меҳмонон ба як қатор устодону донишҷӯёни фаъол аз номи маъмурияти таълимгоҳ Сипоснома ва ба даҳ нафар донишҷӯёни дигар, ки нав  ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд, билети ҳизбӣ   тақдим карда шуд.

 

 

Миралӣ Воҳидов, мудири кафедраи

“Рӯзнманигорӣ ва китобхонашиносӣ”

“ФӮРҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

“ФӮРҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

           Санаи 28 апрели соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” даври аввали Озмуни љумњуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар толори таълимгоҳ  баргузор гардид.

Дар ҷамъомад маъмурият, устодону донишҷӯён ва  16  нафар  донишҷӯёни фаъол, ки аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон барои иштирок намудан ба қайд гирифта шуда буданд, ширкат доштанд.

Дар оғози ҷамъомад директори Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” Разоқзода Салоҳидиин Шамсидин суханронӣ карда, аз ҷумла иброз намуд, ки ҷињати иљрои сариваќтии Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-15 даври аввали озмун дар муасcисаи таълимӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

Тавре хабар доред тули се сол аст, ки Озмуни љумњуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор мешавад.

Воқеан ҳам дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими Истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Аз ин ру, Давлат ва Ҳукумати кишвар барои соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ тадбирҳои муассир меандешанд. Далели ин гуфтаҳо иқдоми Пешвои миллат дар бораи баргузор кардани Озмуни љумњуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.

Аз рӯи Низомнома  маълум аст, ки озмуни мазкур ба мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.

Баъдан, баромадкунандагон аз рӯи номитсияҳои муайян маҳорат ва дониши худро ба ҳакамон манзур карданд, ки аз байни онҳо Қодиров Муҳаммад, Раҷабова Мавлуда, Қодирова Мадина, Файзуллева Малоҳат, Сафарова Маҳина аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, Саматова Шукрона аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ва Сабринаи Ҷамолиддин, Сафарова Нодира, аз номитсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ ба даври дуюми озмун, ки моҳи май дар сатҳи ноҳия доир мегардад, роҳ ёфтанд.

Миралӣ Воҳидов, мудири кафедраи “Рӯзноманигорӣ  ва китобхонашиносӣ”

Устодон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” дар корҳои ободонии ноҳия саҳми худро гузоштанд

Устодон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” дар корҳои ободонии ноҳия саҳми худро гузоштанд

         Дар асоси нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди муассисаи таълимӣ, дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, саннаи 16 апрели соли 2022 таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоќов»  Разоқзода Салоҳидин Шамсидин омўзгорону донишҷўён ба шанбегӣ баромада, дар корҳои ободонї ва  тозаю зебо гардонидани  маркази ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён саҳми назаррас гузоштанд. Иштирокчиёни шанбегӣ дар рафти корҳои созандагӣ бехи дарахтон, аз ҷумла арчаҳои ҳамешасабзро побел намуда, атрофи гулҳои  садбаргро   нарм карданд ва ҷӯйборҳои кучаҳои марказиро аз ҳар гуна партовҳо тоза гардониданд.

Инчунин, имрӯз гурӯҳи дигари донишҷӯён дар шамбегии ҳудуди таълимгоҳ низ фаъолона иштирок карда, бехи арчаҳои ҳамешасабзро побел намуда, атрофи гулҳои садбаргро аз алафҳои худруй тоза ва  нарм   карданд.  Ҷӯйборҳои обгузаре, ки дар  наздикии  таълимгоҳ мавҷуданд, аз ҳар гуна партовҳо тоза карданд. Донишҷӯдухтарон саҳни таълимгоҳро руфта ороста гардониданд.

.

 

  Миралӣ Воҳидов, мудири кафедраи       “Рӯзноманигорӣ ва китохонашиносӣ”

 

НАВРӮЗИ  МД «КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВИИ БА НОМИ П.БУЙДОҚОВ»

НАВРӮЗИ  МД «КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВИИ БА НОМИ П.БУЙДОҚОВ»

          Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ин тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва  мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонибинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати наврасон ба донишомӮзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари ҷавонону донишҷӯён аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир ба  шумор меравад.

         Қобили қайд аст, ки дар асоси Нақша-чорабиниҳои МД «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқов» ва ҳамзамон бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз» санаи 19 марти соли 2022 дар майдончаи варзишии МД «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқов» барномаи идонаи наврӯзӣ таҳти унвони «Суманак зеби дастархони Наврӯз» ва намоиши васеи ҳунарҳои миллии мардумӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.

         Дар оғоз нахуст директори муассисаи таълимӣ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин бо суханони шодбошӣ чорабинии фарҳангиро ифтитоҳ намуда, сипас бо арзи эҳтиром ҳайати меҳмонону намояндагонро ба кули иштирокчиён муаррифӣ намуд.

         Аз ҷониби меҳмонон муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод бо суханони табрикотӣ кулли иштирокчиёнро ба хусус омӮзгорону донишҷӮён ва ҷавонони ҳунарманду боистеъдодро ба муносибати таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз», оғози фасли зебои баҳор самимона табрику муборакбод намуда, қайд карданд, ки бо ташабус ва дастгирии Пешвои муаззами миллат аз миёни рамзҳои наврӯзӣ аз ҷумла: бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор, инчунин парандаҳои асотирии симурғ, парасту ва ғайра иборат мебошанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад-омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул ва тасдиқ гардида, бо ин мақсад минбаъд сабзаи суманак, гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ дар баргузории иди Наврӯз истифода хоҳанд гашт.

       Инчунин бо суханони табрикотӣ намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Назаров Олим ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ «Насими айём» Шоҳубиддинова Рухшона бо суханони шодбошӣ баромад намуда, кулли ширкаткунандагонро ба муносибати таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз» табрик гуфтанд.

         Сипас баъди анҷоми суханони табрикотӣ ба 4-нафар омӯзгорону ҳунармандони муассиса сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ тақдим гардида, инчунин ба теъдоди 10-нафар кормандони ҷавону болаёқат барои ба сафи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ қабул гардидан дар вазъияти тантанавӣ билети ҳизбӣ супорида шуд.

        Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии идонаи наврӯзӣ намоиши васеи таъомҳои миллӣ, дастархони ҳафтсин-ҳафтшин, суманакпазӣ, оши бурида, оши палов, қурутобу шакароби миллӣ, таҳмолпазӣ, кулчақанду ҳалвои дегӣ, инчунин гулдӯзию чакандӯзӣ, қуроқбофӣ, хонаи арӯсон, усмамолию чолбандбофӣ, гаҳворабандӣ, бандкашӣ, шохмотбозию шашкабозӣ ва намоиши васеи асбобҳои миллии мусиқӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ки ба меҳмонону тамошобинон боиси болидарӯҳӣ гардида, ба онҳо хело писанд омад.

Дар идомаи чорабинии наврӯзӣ аз ҷониби санъаткорони шинохта ва ҳунармандону истеъдодҳои ҷавони муассиса барномаи театрикунонидашуда, бо пешниҳоди суруду таронаҳои баҳорӣ, Маликаи наврӯзӣ, навозиш бо созҳои мусиқии миллӣ, найбазм, дойрабазм, карнайбазм, бо ҳамсадоии созҳои зарбӣ, рақсҳои ҷолиб ва фалаксароии миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоси наврӯзӣ баргузор гардид, ки хотири мухлисону иштирокчиёнро шод гардониданд.

                                                                   Гузориши Миралӣ Воҳидов

 

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАРОН ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

8-МАРТ ИДИ МОДАРОН  МУБОРАК!

             5 марти соли 2022 бахшида ба Рӯзи Модар дар толори Муассисаи давлатии “Коллеҷи  фарҳанги ҷумҳуривии ба номи П.Бӯйдоқов” ҷамъомади идона бо иштироки тамоми бонувону занон ва омӯзгорону  донишҷӯён чорабинии фарҳанги баргузор гардид.

           Дар оғози ҷамъомад нохуст бо суханони табрикотӣ директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин суханронӣ намуда, тамоми модарону бонувонро самимона ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу намуд.

            Номбурда, нақши бонувону занонро дар таълиму тарбияи насли ҷавон бахусус донишҷӯён ниҳоят муҳиму арзишманд арзёбӣ намуда, бо хушнудӣ изҳор намуд, ки маҳз бо ташаббусу дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола бахшида ба иду ҷашнҳои миллӣ дар мамлакат беш аз садҳо чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланди фарҳангӣ, баргузор мегардад, ки дар он саҳми арзандаи тамоми Модарону бонувони тоҷик назаррасаст.

                Баъдан, аз ҷониби маъмурияти муассиса ба як қатор донишҷӯёни фаъол ва инчунин кормандону омузгорони муассиса ифтихорномаву тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

               Дар қисмати дувуми чорабинӣ баъд аз анҷоми барномаи идонаи консертӣ тақдим ва муаррифии 11-адад мачмуъи созҳои мусиқии миллӣ аз ҷумла: рубоб, рубоби прима, дутор, ғиҷак, чанг, най ва дойра, ки санаи 2.03.2022 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассиса тақдим гардида буд, бо изҳори хушнудиву сарфарозӣ дар назди иштирокчиёни чорабинӣ ба омузгорону донишҷўёни кафедраи “Таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ” барои баланд бардоштани сифати таълим ва омодагии машғулиятҳои таълими мусиқӣ супорида шуд.

                                                                                                                                                                                                            Миралӣ Воҳидов

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар Коллеҷи фарҳанг

Санаи 22 феврали соли 2022 ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси директори Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Разақзода Салоҳидин Шамсидин дар муасиссаи таълимӣ чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадии Салим, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Сатторӣ, хабарнигорони шабакаҳои телевизионӣ, устодону донишҷӯён ва дигарон иштирок намуданд.

Ҷамъомадро директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин  ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, мақсади гузоронидани чорабиниро тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ арзёбӣ кард.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадии Салим оид ба гиромидошти Артиши миллӣ  ва саҳми афсарону сарбозони далеру шуҷоъ дар таъмини осоиштагии халқ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз андешаҳои пурмӯҳтавои худро баён намуд.

Баъди суханҳои табрикотӣ барномаи омодакардаи омӯзгорони таълимгоҳ: Шаҳло Шарипова, Қурбоналӣ Шомаҳмадов, Фарҳод Мирзоев, Сафар Авғонов, Ёрмуҳаммад Асомиддинов, Меҳроби Лутфулло, Шералӣ Урозов  таҳти унвони “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

Гузориши Миралӣ Воҳидов

ПЕШГИРИИ ПАЙДОИШ ВА ИНТИҚОЛИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ҲАДАФИ МАЪМУРИЯТИ ТАЪЛИМГОҲ МЕБОШАД

          Бо мақсади пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов» таҳти роҳбарии директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин  дирӯз устодону омӯзгорон ва кормандони маъмурию техникии муассиса дастаҷаъмона маротибаи сеюми ваксинагузарониро гирифтанд.

          Инчунин барои пешгирии чунин бемории сироятӣ дар муассиса як утоқи кории алоҳидаи тиббӣ бо табиби доимӣ ташкил гардида, дар он намудҳои гуногуни доруворӣ, асбоби ҳароратсанҷ, маҳлулҳои безараргардониву антисептикӣ, ниқоби муҳофизатӣ бо шароити корӣ муҳайё  гардонида шудааст.

          Иттилоъ дода мешавад, ки дар назди даромадгоҳи асосии муассиса барои назорати пўшидани ниқоби муҳофизатӣ ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ аз ҳисоби масъулону омўзгорони бо таҷриба навбатдории ҳамарўза ташкил гардида, илова бар ин бо ҷалби кормандони техникӣ  ҳар рўз як маротиба тамоми синфхонаҳо, толорҳои варзишӣ, китобхона ва долону роҳравҳои муассиса барои пешгирӣ аз пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) бо маҳлулҳои антисептикиву хлор тоза ва безарар гардонида мешаванд.

                                                                                                                                                                                                                         М.Воҳидов

Солеҳзода Эмомалӣ 

ғолиби Озмуни “Маданияти андозсупорӣ-баҳои фарҳангии  ҷомеа” гардид

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади тарғибу ташвиқи қонунгузории андоз ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ дар байни  донишҷӯён, шаҳрвандон ва соҳибкорон  аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ-баҳои фарҳангии  ҷомеа” баргузор мегардад.

Озмун дар се давр гузаронидашуда, даври аввали он санаи 15 майи соли 2021 дар ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид. Дар қатори дигар иштирокчиён таҳти роҳбарии директори “Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов”  Разоқзода Салоҳидин Шамсидин донишҷӯён Солеҳзода Эмомалӣ ва Қодирова Мадина аз рӯи номиннатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси  андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Аз байни иштирокчиёни сершумори Озмун донишҷӯи “Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” Солеҳзода Эмомалӣ тавонист, ки ба  саволҳои ҳакамон ҷавобҳои дуруст дода, сазовори ҷои дуюм гардад.  Ба ғолиби Озмун Солеҳзода Эмомалӣ донишҷӯи “Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” аз номи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода Азизулло  Дипломи дараҷаи дуюм ва тӯҳфаи пулӣ тақдим гардид. 

М. Воҳидов,  мудири  кафедраи  “Рӯзноманигорӣ  ва  китобхонашиносӣ”

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 9-май таҷлили иди Ғалаба дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов» баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 9-май таҷлили иди Ғалаба дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов» баргузор гардид.

           Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов» ва бо дастгирии роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 9 май таҷлили иди Ғалаба таҳти роҳбарии директори муассиса Разоқзода Салоҳидин Шамсидин дар толори муассиса бо иштироки меҳмонону намояндагон устодону омӯзгорон, собиқадорони меҳнат, ҷавонону донишҷӯён  чорабинии  идона  баргузор  гардид.

Дар ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ нахуст масъулин бо суханони шодбошӣ кулли иштирокчиёнро ба муносибати таҷлили иди Ғалаба самимона табрик намуда, қайд карданд, ки бо ташабус ва дастгирии доимии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар диёри азизамон чорабиниҳои сатҳи баланд бахшида ба иди Ғалаба таҷлил гардида, бо ин мақсад аз ҷониби аҳли эҷоди муассисаи таълимӣ барномаи консертӣ бо саҳнаҳои тарбиявӣ таҳия гардида, барои иштирокчиён пешкаш мегардад.

Инчунин, аз ҷониби омӯзгорон Обидова Фотима, Тиллоева Муҳаббат ва Собиров Тоҳир дар бораи корнамоиҳои ҷавонмардони шӯҷоъу далери тоҷик, ки дар солҳои 1941-1945 баҳри ҳимояи марзу буми кишвар бар муқобили душман ҷонисориҳо намуданд, маърӯзаҳо шунида шуд.

Сипас, баъд аз анҷоми суханрониҳои табрикотӣ ва маърӯзаҳо барномаи консертӣ дар шакли овози зинда бе истифодаи фонограма баргузор гардида, дар охир аз ҷониби маъмурияти муассиса ба як қатор устодони ҳунар ва омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли муассиса сипосномаҳо  тақдим  карда  шуданд.

Мақсад аз баргузории барномаи консертӣ пайваста ҷалб намудани ҷавонони соҳибистеъдод ба чорабиниҳои фарҳангӣ, инчунин ҳидоят намудани ҷавонон дар руҳияи Ватанпарстӣ, Ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ифтихор аз корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ арзёбӣ мегардад.

 

Мудири кафедраи “Рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ”                                    Миралӣ Воҳидов

Консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов дар сатҳи баланд баргузор гардид

Консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов дар сатҳи баланд баргузор гардид

 

      Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соњаи фарњанг ин тарбияи насли ояндаи миллат дар рўњияи созандагї, бунёдкорї, ифтихор аз комёбињои даврони соњибистиќлолї, ташаккули љањонбинии илмї, равона сохтани майл ва завќу раѓбати љавонон ба донишомўзї, бањрабардории њарчи бештари донишљўён аз дастовардњои илмию техникї ва технологияи муосир ба  шумор меравад.

Ќобили ќайд аст, ки дар асоси Наќша-чорабинињои Муассисаи давлатии «Коллељи фарњанги љумњуриявии ба номи П. Буйдоќов» ва бо дастгирии роњбарияти Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон бахшида ба таљлили љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон санаи 28 апрели соли 2021 тањти роњбарии директори муассиса Разоќов Салоњидин Шамсидинович дар толори Ќасри фарњанги ноњияи Рўдакї бо иштироки мењмонону намояндагон аз Вазорати фарњанг, роњбарияти Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи Рўдакї, Сармуњаррири рўзномаи «Насими айём», љонишини сардори ШВКД-1 дар ноњияи Рўдакї, мудирони бахшњои фарњанг, кор бо занон ва оила, кор бо љавонон ва варзиш, роњбарони муассисањои таълимии миёнаи касбї, устодону омўзгорон, собиќадорони мењнат, љавонону донишљўён ва хабарнигорону наворбардорони шабакањои телевизионї, аз ҷумла ТВ-Бањористон, ТВ-Сафина, ТВ-Љањоннамо барномаи «Консерти њисоботии» донишљўёни муассисаи таълимї дар сатњи идона баргузор гардид.

         Дар ифтитоњи чорабинии фарњангї, нахуст директори муассисаи таълимї Разоќов Салоњидин Шамсидинович бо суханони шодбошию табрикотӣ кулли иштирокчиёнро, ба хусус устодону омўзгорон ва донишљўёни боистеъдодро самимона табрик намуда, ќайд кард, ки бо ташаббус ва дастгирии доимии Асосгузори Сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї мўњтарам Эмомалї Рањмон дар диёри азизамон рушди ободонии муассисањои таълимию фарњангї бо суръат баланд рафта, бо ин маќсад раванди сифати таълиму тарбия ва донишазхудкунии љавонону эљодкорон бо завќи баланди китобхонию   њунаромўзї ба назар мерасад.    

         Сипас баъд аз анљоми суханронињои табрикотї барномаи «Консерти њисоботии» донишљўёни муассисаи таълимї дар шакли овози зинда бе истифодаи фонограма баргузор гардида, дар охир аз љониби роњбарияти муассиса ба як ќатор устодони њунар ва омўзгорону донишљўёни фаъоли муассиса ифтихорнома ва сипосномањо таќдим карда шуданд.

         Маќсад аз баргузории барномаи консертї пайваста љалб намудани љавонони соњибистеъдод ба чорабинињои фарњангї, мустањакам намудани баззаи эљодии муассиса тавассути таљрибаи бароњ мондани фаъолияти њамкории эљодї, њавасмандгардонии чењрањои љавон барои иштирок дар озмуну фестивалњои љумњуриявию байналмилалї, арзёбї мегардад.

                                                                                              М.Воҳидов, омӯзгор