Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолият

      Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯзҳо тадбирҳои  ободонию зебоинигорӣ  дар сартори кишвар бо маром идома доранд. Ба муносибати ҷашнҳои дар пешиситода ва бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов, инчунин дар корҳои ободонию зебогардонии маркази ноҳияи Рӯдакӣ cаҳм гузоштан бо ташаббуси директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис санаи 4-уми апрели соли 2020 устодон ва донишҷӯёни таълимгоҳ ба ҳашари умумӣ баромаданд. Зеро масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи  Коллеҷи фарҳанг ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни таълимгоҳ зери таваҷҷӯҳи хосаи директори муассисаи таълимӣ карор дорад.

      Дар рафтишанбегӣ донишҷӯёни басти якум ва дуюми ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, рӯзноманигорӣ ва таълими мусиқӣ бо роҳбарии омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм карда, ҷӯйборҳоро тоза намуда, гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинониданд ва синфхонаҳоро донишҷӯдухтарон тозаю ороста гардониданд.

          Гурӯҳи бисёрнафараи донишҷӯён ба  маркази ноҳияи  Рӯдакӣ –шаҳраки Сомониён рафта, дохили ҷӯйборҳоро тоза намуда, бехи дарахтони ҳамешасабзи кӯчаҳои марказиро нарм карданд.

                                                                                                          М.Воҳидов

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>