ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ФАРҲАНГ

      Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, айёми эҳёи табиат ва тантанаи дӯстиву ваҳдат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

        Санаи 18 марти соли 2020 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Наврӯзи байналмиллалӣ ба муносибати Рӯзи фарҳанг бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шуд.
Дар тантанаи идона як қатор меҳмонон ва устодону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд. Бояд иброз намуд, ки донишҷӯён аз ҳар як гурӯҳ дастархони идонаи Наврӯзӣ оро дода буданд. Рӯи хони онҳоро таомҳои миллӣ ва ҳафтсину ҳафтшин зеб медодод.
Макони баргузории чорабинӣ бо шиору лавҳаҳо бахшида ба Наврӯзи Аҷам ва бо зардӯзиву гулдӯзиҳои таранумгари фарҳанги пурғановатамон ороиш дода шуда буд.
Нахуст директори муассисаи давлатии Коллефи фарҳанги ҷумҳурявии ба номи П. Бӯйдоқов Абдураҳимзода Идрис якҷо бо меҳмони даъватшуда, аз дастурхони идонаи донишҷӯён дидан намуда, барои дастархонороии хоси фарҳанги тоҷикӣ ба онҳо баҳои баланд доданд.
Баъдан, директори муассисаи таълимӣ И. Абдураҳимзода матни табрикотии худро ба саъми ҳозирин расонид ва ба онҳо Наврӯзро муборакбод намуд.
Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Насриддин Очилдиев низ бо сухани табрикотии худ баромад карда, дар фазои идона ба як қатор омӯзгорони Коллеҷи фарҳанг медалҳои “Аълочии фарҳанг” ва “Аълочии матбуот”-ро, ки аз ҷониби вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба муносибати Наврӯзи байналмиллалӣ қадрдонӣ гардидаанд, тақдим намуд.
Сипас, барномаи театрикунонидашудаи устодону донишҷӯён, ки аз рақсу суруд, шеъру тарона, саҳначаҳои тарбиявӣ иборат буд, пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Дар гӯшаи дигари муассисаи таълимӣ бахшида ба Наврӯзи хуҷастапай мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гуштини миллӣ, бандкашӣ, вазнбардорӣ, ки дар сатҳи баланд ташкил гардида буд, пешкаши тамошобинон гардид ва меҳмонон ба маҳорати варзишии донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг баҳои баланд доданд.

Миралӣ Воҳидов

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>