ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

       Санаи 14- марти  соли 2020 дар муассисаи таълимӣ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд. Зеро масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи  Коллеҷи фарҳанг ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни таълимгоҳ зери таваҷҷӯҳи хосаи директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳҳоб карор дорад.

      Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни басти дуюми ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ,  Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, ва таълими мусиқӣ бо роҳбарии омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм карда, ҷӯйборҳоро тоза намуда, зиёда аз 500 адад гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинониданд ва синфхонаҳоро донишҷӯдухтарон тозаю ороста гардониданд.

         Амалӣ намудани тадбирҳои  ободонию зебоинигорӣ  дар сартори кишвар имрӯзҳо бо маром идома доранд. Ин ҳама корҳои созанда бо мақсади иҷроиши  сиёсати созандагию ободонии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовори 30-солагии  Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>