Ҷавонон — парчамбардори имрӯз ва фардои миллат!

Ҷавонон — парчамбардори имрӯз ва фардои миллат!

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” бахшида ба Рӯзи ҷавонон мизи мудаввар таҳти унвони  “Ҷавонон — парчамбардори имрӯз ва фардои миллат!” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти муассиса омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.  Мизи мудавварро директори муассиса Разоқзода Салоҳиддин ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки имрӯз давлату ҳукумат, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди зеҳнии ҷавонон диққати махсус зоҳир менамоянд. Хусусан, ба роҳ мондани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат барои насли ҷавон мебошад, таъкид намуданд Разоқзода Салоҳиддин. Ҳамзамон дар мизи мудаввар ҷонишини директор оид ба таълим Ҷаъфаров Ҷаъфар ва муовини директор оид ба тарбия Шарифова Шаҳло суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” солиёни дароз барои таълиму тарбияи ҷомеъа саҳми арзанда гузоштааст. Ин даргоҳи муқаддасро даҳҳо шахсиятҳои буруманди кишвар хатм намуда, дар пешрафти илму фарҳанг саҳми босазои худро гузоштаанд. Имрӯз низ саҳми муассиса дар таълиму тарбияи ҷавонон хеле назаррас аст. Сипас омӯзгорон Ҷамолов Зиёзуддин, Қурбонова Саврия, Муҳаммаднамӣ Баёнӣ, доир ба таълиму тарбия ва илмомӯзии донишҷӯён ибрози андеша намуданд. Дар интиҳо донишҷӯёни муассиса дар мавзӯҳои Ватану ватандӯстӣ аз шоирони муосир шеърҳо қироат намуданд.

Мудири кафедари «Рӯзноманигорӣ»                              Воҳидов М.