Консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» дар сатҳи баланд бургузор гардид

Консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» дар сатҳи баланд бургузор гардид

5-уми майи соли 2022 консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов», бахшида ба муносибати 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рўдакӣ баргузор гардид.

Дар консерти ҳисоботӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини  раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳамзаалӣ, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода ва дигар меҳмонону устодон ва дониҷӯёни муассиасаи таълимӣ иштирок карданд.

Аз рӯи барнома донишҷӯёни таълимгоҳ баромад карда, маҳорату ҳунари тули як сол аз устодон омӯхтаашонро манзури тамошобино гардониданд. Ҳозирин ба номераҳои хори умумӣ «Ҷашни Истиқлол», навозиши умумӣ «Субҳи Ватан», навозиш бо сози ѓиҷҷак «Рақси кулобӣ», навозиш бо сози қонун «Навои Бухоро», навозиш бо дутор «Гулдастаи дил», навозиш бо сози най «Рақси ҷавонӣ», саҳнаи тарбиявӣ  «Модар», «Весёлая кадрил» оҳанги В.Темнов, навозиш дар сози фортепиано «Токатино», сурудҳои «Меҳри Ватан», «Лола баромад» ва сюитаи рақсӣ диққати хоса дода, барои маҳорати баланди иҷрокунандагони онҳо кафкубиҳои бардавом заданд.

Баъд аз анҷоми барномаи консерти ҳисоботӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳамзаалӣ, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода, мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҷалолзода Хайриддин  ва директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» Разоқзоқзода Салоҳидин Шамсидин ба минбар баромаданд.

Нахуст муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо суханронӣ карда, барои дар сатҳи баланди омодагӣ гузаронидани  консерти ҳисоботӣ ба маъмурият ва устодону донишҷӯёни таълимгоҳ баҳои арзанда дода, инчунин номбурда иброз намуд, ки дар оянда аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коллеҷи фарҳанг тақдими китобҳои тозанашр дар назар дошта шудааст ва Вазорати фарҳанг омодааст, ки минбаъд ҳам ин таълимгоҳро дар ҳама самтҳо дастгирӣ намояд.

Сипас, директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бўйдоқов» Разоқзоқзода Салоҳидин Шамсидин суханронӣ карда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фарҳангро  ҷавҳари ҳастии миллат номидаанд. Ин баҳои олии Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг мо аҳли фарҳангу санъатро  водор менамояд, ки барои рушди соҳа фаъолиятамонро боз ҳам ҷоннок намуда, дар тарбияи ҷавонону донишҷӯёни  соҳибҳунару донишманд саҳми шоиста гузорем.

Дар охири ҷамъомад аз ҷониби меҳмонон ба як қатор устодону донишҷӯёни фаъол аз номи маъмурияти таълимгоҳ Сипоснома ва ба даҳ нафар донишҷӯёни дигар, ки нав  ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд, билети ҳизбӣ   тақдим карда шуд.

 

 

Миралӣ Воҳидов, мудири кафедраи

“Рӯзнманигорӣ ва китобхонашиносӣ”