
“ФӮРҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
Санаи 28 апрели соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” даври аввали Озмуни љумњуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар толори таълимгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад маъмурият, устодону донишҷӯён ва 16 нафар донишҷӯёни фаъол, ки аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон барои иштирок намудан ба қайд гирифта шуда буданд, ширкат доштанд.
Дар оғози ҷамъомад директори Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” Разоқзода Салоҳидиин Шамсидин суханронӣ карда, аз ҷумла иброз намуд, ки ҷињати иљрои сариваќтии Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-15 даври аввали озмун дар муасcисаи таълимӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Тавре хабар доред тули се сол аст, ки Озмуни љумњуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Воқеан ҳам дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими Истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Аз ин ру, Давлат ва Ҳукумати кишвар барои соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ тадбирҳои муассир меандешанд. Далели ин гуфтаҳо иқдоми Пешвои миллат дар бораи баргузор кардани Озмуни љумњуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.
Аз рӯи Низомнома маълум аст, ки озмуни мазкур ба мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.
Баъдан, баромадкунандагон аз рӯи номитсияҳои муайян маҳорат ва дониши худро ба ҳакамон манзур карданд, ки аз байни онҳо Қодиров Муҳаммад, Раҷабова Мавлуда, Қодирова Мадина, Файзуллева Малоҳат, Сафарова Маҳина аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик, Саматова Шукрона аз номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ва Сабринаи Ҷамолиддин, Сафарова Нодира, аз номитсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ ба даври дуюми озмун, ки моҳи май дар сатҳи ноҳия доир мегардад, роҳ ёфтанд.
Миралӣ Воҳидов, мудири кафедраи “Рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ”