НАВРӮЗИ МД «КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВИИ БА НОМИ П.БУЙДОҚОВ»
Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ин тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонибинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати наврасон ба донишомӮзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари ҷавонону донишҷӯён аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир ба шумор меравад.
Қобили қайд аст, ки дар асоси Нақша-чорабиниҳои МД «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқов» ва ҳамзамон бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз» санаи 19 марти соли 2022 дар майдончаи варзишии МД «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқов» барномаи идонаи наврӯзӣ таҳти унвони «Суманак зеби дастархони Наврӯз» ва намоиши васеи ҳунарҳои миллии мардумӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар оғоз нахуст директори муассисаи таълимӣ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин бо суханони шодбошӣ чорабинии фарҳангиро ифтитоҳ намуда, сипас бо арзи эҳтиром ҳайати меҳмонону намояндагонро ба кули иштирокчиён муаррифӣ намуд.
Аз ҷониби меҳмонон муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод бо суханони табрикотӣ кулли иштирокчиёнро ба хусус омӮзгорону донишҷӮён ва ҷавонони ҳунарманду боистеъдодро ба муносибати таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз», оғози фасли зебои баҳор самимона табрику муборакбод намуда, қайд карданд, ки бо ташабус ва дастгирии Пешвои муаззами миллат аз миёни рамзҳои наврӯзӣ аз ҷумла: бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор, инчунин парандаҳои асотирии симурғ, парасту ва ғайра иборат мебошанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад-омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул ва тасдиқ гардида, бо ин мақсад минбаъд сабзаи суманак, гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ дар баргузории иди Наврӯз истифода хоҳанд гашт.
Инчунин бо суханони табрикотӣ намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Назаров Олим ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ «Насими айём» Шоҳубиддинова Рухшона бо суханони шодбошӣ баромад намуда, кулли ширкаткунандагонро ба муносибати таҷлили иди байналмилалии «Наврӯз» табрик гуфтанд.
Сипас баъди анҷоми суханони табрикотӣ ба 4-нафар омӯзгорону ҳунармандони муассиса сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ тақдим гардида, инчунин ба теъдоди 10-нафар кормандони ҷавону болаёқат барои ба сафи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ қабул гардидан дар вазъияти тантанавӣ билети ҳизбӣ супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии идонаи наврӯзӣ намоиши васеи таъомҳои миллӣ, дастархони ҳафтсин-ҳафтшин, суманакпазӣ, оши бурида, оши палов, қурутобу шакароби миллӣ, таҳмолпазӣ, кулчақанду ҳалвои дегӣ, инчунин гулдӯзию чакандӯзӣ, қуроқбофӣ, хонаи арӯсон, усмамолию чолбандбофӣ, гаҳворабандӣ, бандкашӣ, шохмотбозию шашкабозӣ ва намоиши васеи асбобҳои миллии мусиқӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ки ба меҳмонону тамошобинон боиси болидарӯҳӣ гардида, ба онҳо хело писанд омад.
Дар идомаи чорабинии наврӯзӣ аз ҷониби санъаткорони шинохта ва ҳунармандону истеъдодҳои ҷавони муассиса барномаи театрикунонидашуда, бо пешниҳоди суруду таронаҳои баҳорӣ, Маликаи наврӯзӣ, навозиш бо созҳои мусиқии миллӣ, найбазм, дойрабазм, карнайбазм, бо ҳамсадоии созҳои зарбӣ, рақсҳои ҷолиб ва фалаксароии миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоси наврӯзӣ баргузор гардид, ки хотири мухлисону иштирокчиёнро шод гардониданд.
Гузориши Миралӣ Воҳидов