СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ШАНБЕГӢ

Санаи 26.02.2022  Омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов» шанбегӣ гузаронида дар рафти шанбегӣ каналҳои ҳудуди маркази ноҳияро аз ҳама намуди партовҳо тоза намуданд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар Коллеҷи фарҳанг

Санаи 22 феврали соли 2022 ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси директори Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Разақзода Салоҳидин Шамсидин дар муасиссаи таълимӣ чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадии Салим, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Сатторӣ, хабарнигорони шабакаҳои телевизионӣ, устодону донишҷӯён ва дигарон иштирок намуданд.

Ҷамъомадро директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин  ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, мақсади гузоронидани чорабиниро тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ арзёбӣ кард.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадии Салим оид ба гиромидошти Артиши миллӣ  ва саҳми афсарону сарбозони далеру шуҷоъ дар таъмини осоиштагии халқ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз андешаҳои пурмӯҳтавои худро баён намуд.

Баъди суханҳои табрикотӣ барномаи омодакардаи омӯзгорони таълимгоҳ: Шаҳло Шарипова, Қурбоналӣ Шомаҳмадов, Фарҳод Мирзоев, Сафар Авғонов, Ёрмуҳаммад Асомиддинов, Меҳроби Лутфулло, Шералӣ Урозов  таҳти унвони “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

Гузориши Миралӣ Воҳидов

ПЕШГИРИИ ПАЙДОИШ ВА ИНТИҚОЛИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ҲАДАФИ МАЪМУРИЯТИ ТАЪЛИМГОҲ МЕБОШАД

          Бо мақсади пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов» таҳти роҳбарии директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин  дирӯз устодону омӯзгорон ва кормандони маъмурию техникии муассиса дастаҷаъмона маротибаи сеюми ваксинагузарониро гирифтанд.

          Инчунин барои пешгирии чунин бемории сироятӣ дар муассиса як утоқи кории алоҳидаи тиббӣ бо табиби доимӣ ташкил гардида, дар он намудҳои гуногуни доруворӣ, асбоби ҳароратсанҷ, маҳлулҳои безараргардониву антисептикӣ, ниқоби муҳофизатӣ бо шароити корӣ муҳайё  гардонида шудааст.

          Иттилоъ дода мешавад, ки дар назди даромадгоҳи асосии муассиса барои назорати пўшидани ниқоби муҳофизатӣ ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ аз ҳисоби масъулону омўзгорони бо таҷриба навбатдории ҳамарўза ташкил гардида, илова бар ин бо ҷалби кормандони техникӣ  ҳар рўз як маротиба тамоми синфхонаҳо, толорҳои варзишӣ, китобхона ва долону роҳравҳои муассиса барои пешгирӣ аз пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) бо маҳлулҳои антисептикиву хлор тоза ва безарар гардонида мешаванд.

                                                                                                                                                                                                                         М.Воҳидов