Солеҳзода Эмомалӣ 

ғолиби Озмуни “Маданияти андозсупорӣ-баҳои фарҳангии  ҷомеа” гардид

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади тарғибу ташвиқи қонунгузории андоз ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ дар байни  донишҷӯён, шаҳрвандон ва соҳибкорон  аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ-баҳои фарҳангии  ҷомеа” баргузор мегардад.

Озмун дар се давр гузаронидашуда, даври аввали он санаи 15 майи соли 2021 дар ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид. Дар қатори дигар иштирокчиён таҳти роҳбарии директори “Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов”  Разоқзода Салоҳидин Шамсидин донишҷӯён Солеҳзода Эмомалӣ ва Қодирова Мадина аз рӯи номиннатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси  андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Аз байни иштирокчиёни сершумори Озмун донишҷӯи “Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” Солеҳзода Эмомалӣ тавонист, ки ба  саволҳои ҳакамон ҷавобҳои дуруст дода, сазовори ҷои дуюм гардад.  Ба ғолиби Озмун Солеҳзода Эмомалӣ донишҷӯи “Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” аз номи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода Азизулло  Дипломи дараҷаи дуюм ва тӯҳфаи пулӣ тақдим гардид. 

М. Воҳидов,  мудири  кафедраи  “Рӯзноманигорӣ  ва  китобхонашиносӣ”