Солеҳзода Эмомалӣ 

ғолиби Озмуни “Маданияти андозсупорӣ-баҳои фарҳангии  ҷомеа” гардид

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади тарғибу ташвиқи қонунгузории андоз ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ дар байни  донишҷӯён, шаҳрвандон ва соҳибкорон  аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ-баҳои фарҳангии  ҷомеа” баргузор мегардад.

Озмун дар се давр гузаронидашуда, даври аввали он санаи 15 майи соли 2021 дар ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид. Дар қатори дигар иштирокчиён таҳти роҳбарии директори “Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов”  Разоқзода Салоҳидин Шамсидин донишҷӯён Солеҳзода Эмомалӣ ва Қодирова Мадина аз рӯи номиннатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси  андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок намуданд.

Аз байни иштирокчиёни сершумори Озмун донишҷӯи “Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” Солеҳзода Эмомалӣ тавонист, ки ба  саволҳои ҳакамон ҷавобҳои дуруст дода, сазовори ҷои дуюм гардад.  Ба ғолиби Озмун Солеҳзода Эмомалӣ донишҷӯи “Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов” аз номи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исматзода Азизулло  Дипломи дараҷаи дуюм ва тӯҳфаи пулӣ тақдим гардид. 

М. Воҳидов,  мудири  кафедраи  “Рӯзноманигорӣ  ва  китобхонашиносӣ”

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 9-май таҷлили иди Ғалаба дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов» баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 9-май таҷлили иди Ғалаба дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов» баргузор гардид.

           Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии «Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов» ва бо дастгирии роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 9 май таҷлили иди Ғалаба таҳти роҳбарии директори муассиса Разоқзода Салоҳидин Шамсидин дар толори муассиса бо иштироки меҳмонону намояндагон устодону омӯзгорон, собиқадорони меҳнат, ҷавонону донишҷӯён  чорабинии  идона  баргузор  гардид.

Дар ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ нахуст масъулин бо суханони шодбошӣ кулли иштирокчиёнро ба муносибати таҷлили иди Ғалаба самимона табрик намуда, қайд карданд, ки бо ташабус ва дастгирии доимии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар диёри азизамон чорабиниҳои сатҳи баланд бахшида ба иди Ғалаба таҷлил гардида, бо ин мақсад аз ҷониби аҳли эҷоди муассисаи таълимӣ барномаи консертӣ бо саҳнаҳои тарбиявӣ таҳия гардида, барои иштирокчиён пешкаш мегардад.

Инчунин, аз ҷониби омӯзгорон Обидова Фотима, Тиллоева Муҳаббат ва Собиров Тоҳир дар бораи корнамоиҳои ҷавонмардони шӯҷоъу далери тоҷик, ки дар солҳои 1941-1945 баҳри ҳимояи марзу буми кишвар бар муқобили душман ҷонисориҳо намуданд, маърӯзаҳо шунида шуд.

Сипас, баъд аз анҷоми суханрониҳои табрикотӣ ва маърӯзаҳо барномаи консертӣ дар шакли овози зинда бе истифодаи фонограма баргузор гардида, дар охир аз ҷониби маъмурияти муассиса ба як қатор устодони ҳунар ва омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли муассиса сипосномаҳо  тақдим  карда  шуданд.

Мақсад аз баргузории барномаи консертӣ пайваста ҷалб намудани ҷавонони соҳибистеъдод ба чорабиниҳои фарҳангӣ, инчунин ҳидоят намудани ҷавонон дар руҳияи Ватанпарстӣ, Ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ифтихор аз корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ арзёбӣ мегардад.

 

Мудири кафедраи “Рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ”                                    Миралӣ Воҳидов