Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар Муассиаси давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов

Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар Муассиаси давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов

Санаи 19 феврали соли 2021 ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси директори Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Разақов Салоҳидин дар муасиссаи таълимӣ чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсуфӣ, муовини Комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ, подлолковник Кушаков Наҷмиддин, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ Рухшона Шобиддинова, роҳбари гурӯҳи “Авангард” –и назди ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ Ҷумъев Низомиддин, хабарнигорони шабакаҳои телевизиони “Синамо”, “Варзиш” ва “Баҳористон”  бо ҷамъи омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дигарон иштирок намуданд.

Ҷамъомади идонаро директори таълимгоҳ Разоқов Салоҳидин ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба ифтихори 28-умин со

лгарди Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуд. Номбурда дар идомаи баромадаш иброз намуд, ки  мақсади гузоронидани чорабинӣ тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ мебошад, зеро яке аз вазифаҳои мо омӯзгорон  ташаккул додани афкори ҷавонон нисбат ба Артиши миллӣ, зарурати хизмати ҳарбӣ ва оини ватандорӣ мебошад.

Дар рафти ҷамъомад меҳмонони даъватшуда суханронӣ карда, оид ба гиромидошти Артиши миллӣ  ва саҳми афсарону сарбозони далеру шуҷоъ дар таъмини осоиштагии халқ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз арзёбӣ гардид.

Баъди суханронҳо барномаи театрикунонидашудаи устодон ва донишҷӯён, ки аз ду қисм: мусобиқаҳои ҳарбиву варзишӣ ва барномаи рангини консертӣ иборат буд, пешкашӣ ҳозирин гардонида шуд.

Дар анҷоми ҷамъомади идона деректори Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Разоқов Салоҳидин  суханронӣ карда,  ба меҳмонони даъватшуда барои ҳамкории судмандашон  Сипоснома тақдим намуданд. Инчунин, ба як қатор омӯзгорону донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

 Миралӣ Воҳидов, омӯзгор