ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВИИ БА НОМИ П. БӮЙДОҚОВ” ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАРГУЗОР ГАРДИД .

ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ  “КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВИИ  БА  НОМИ П. БӮЙДОҚОВ”  ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА   БАРГУЗОР  ГАРДИД .

    Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солгии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  тозаю озода намудани муҳити зист, аз ҷумла синфхонаҳои таълимгоҳ ва утоқҳои корӣ аз чангу ғубор  ва тоза намудани  тамоми роҳраву  гирду атрофи Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” аз барфу яхпораҳо санаи 30-юми январи  соли 2021 таҳти роҳбарии директори муассиса Разоқов Салоҳиддин шанбегии дастаҷамъона ташкил ва гузаронида шуд.

 Дар шанбегӣ устодон ва донишҷӯён бо роҳбарии  директори таълимгоҳ фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 300 метр  роҳравҳоро аз барфу яхпораҳо тоза намуда, ҷӯйборҳои гирду атрофи таълимгоҳро аз партовҳои гуногун  ба пурагӣ тоза   гардониданд.

Инчунин, як толори варзишӣ ва 20 адад синфхонаҳоро бо маҳлулҳои бе зараргардонӣ (хлор) тозаю озода намуда, тирезаҳои баланқадро ба пуррагӣ аз чангу ғубор покиза гардонидаанд.

      Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, рӯзнманигорӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ ва таълими мусиқӣ фаъолона иштирок намуданд.

      Амалӣ намудани чунин тадбирҳои ободонӣ  воқеан ҳам ба зебогии на танҳо муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанги мамлакат, балки  ба зебогии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон  нақши калон дорад.

Вохӯрии рӯзноманигори соҳибтаҷриба бо донишҷӯёни коллеҷи фарҳанг

Вохӯрии рӯзноманигори соҳибтаҷриба бо донишҷӯёни коллеҷи фарҳанг

Санаи 28 январи соли ҷорӣ дар толори муасиссаи давлатии Академияи  воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон вохӯрии собиқадори соҳа, рӯзноманигори пуртаҷриба Маҷид Салим  бо мусоидати директори Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Разоқов Салоҳидин бо донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигории ин таълимгооҳ  баргузор шуд.

Ин вохӯрӣ бо мақсади рушди соҳаи журналистика ва тарбияи мутахасисони  ҷавон бо ташабуси директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода дар асоси лоиҳаи “Мактаби таҷрибаҳо” баргӯзор гардид.

Рӯзноманигори пуртаҷриба Маҷид Салим зимни суханронияш оид ба кору фаъолияташ дар телевизион ва радио маълумот дод. Ичунин, номбурда хотираҳояшро аз лаҳзаҳои ҷолибтарини давраи кораш дар телевизион ёдовар шуд.

Иштирокдорони вохӯрӣ ба журналист Маҷид Салим саволҳо дода, дар бораи фаъолияти эҷодияш ҷавобҳои қаноатбахш   гирифтанд.

Коллеҷи фарҳанг таҷлили ҷашни Садаро шукӯҳи хоса бахшиданд

Коллеҷи фарҳанг таҷлили ҷашни Садаро шукӯҳи хоса бахшиданд

Таҷлили ҷашни Сада яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузаштаи миллат аст. Шукргузорӣ аз он мекунем, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада пуршукӯҳу хотирмон таҷлил мешавад, ки он боиси таваҷҷуҳи мардум ба гузаштаи басо бою рангини илмию фарҳангӣ ва маънавии аҷдодонамон мегардад.

Санаи 28 янавари соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷашни Сада ба таври пуршукӯҳ таҷлил гардид, ки дар он аз тарафи идораву муассисаҳо ва кишоварзони  ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои меҳнатӣ ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, гӯшаи алоҳидаеро ба Коллеҷи  фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов  вогузор намуда буданд, ки  устодон ва донишҷӯён бо роҳбарии  директори муассиса Разоқов Салоҳиддин гӯшаи дар ихтиёрдоштаашонро ба таври хоса оростанд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз намоишгоҳ дидан карда, дар рафти он ба маъмурияти Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов барои саҳми бузург гузоштан дар таҷлили ҷашни Сада изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҷамъомади идонаро барномаи театрикунонидашудаи кормандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия ва устодону донишҷӯёни  Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов”  шукӯҳи тоза бахшиданд.

М.Воҳидов

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ АЗ ОИНАИ НИЛГУН ТАМОШО НАМУДАНД

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ АЗ ОИНАИ НИЛГУН ТАМОШО НАМУДАНД

26 январи соли 2021 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов таҳти роҳбарии директори муассиса Разоқов Салоҳидин устодон ва донишҷӯён Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг афзалияти бештар доданд.  Бинобар ин омӯзгорони муассисаи таълимӣ аз Паёми навбатӣ илҳоми тоза гирифа, азму талош менамоянд, ки минбаъд дар таълиму тарбияи шогирдони сазовори давру замон саҳми намоён гузоранд.

Омӯзгорни Коллеҷи фарҳанг изҳори хушнудӣ намуданд, ки имрӯзҳо дар фазои сулҳу салоҳ ва давлати соҳибистиқлол кору зиндагӣ намуда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагии саодатмандона ноил гардидаанд. Дар оянда боз ҳам Тоҷикистон рушд менамояд, зеро дар Паёми Пешвои миллат дурнамои тамоми соҳаҳо нишон дода шудааст, ки умедҳоро ба гул-гулшукуфоии Тоҷикистон боз ҳам зиёд намудааст.

М. Воҳидов