ЗИЁДА АЗ ҲАЗОР БЕХ ГУЛҲОИ МАВСИМӢ ШИНОНИДА ШУД

    Сани  10-уми ноябри  соли 2020-ро  дар  Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ҳамчун  “Рӯзи гулкорӣ”   эълон намуда,  барои гулу гулзор гардонидани гиру атрофи муассисаи таълимӣ устодон ва донишҷӯён таҳти роҳбарии  директори таълимгоҳ Абдураҳимзода Идрис ба ҳашар баромаданд. Дар рафти гулкорӣ аз ҷониби ҳашарчиён имрӯз зиёда аз 1200 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ин тадбири зебоинигорӣ дар Коллеҷи фарҳанг  ба истиқболи  ҷашни 30-солгии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

Донишҷӯёни коллеҷи фарҳанг дар ҷамъомад иштирок намуданд

Донишҷӯёни коллеҷи фарҳанг дар ҷамъомад

иштирок намуданд

Санаи 9 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ бо иштроки кормандони милитсия ва аъзоёни гурӯҳи  “Авангард” аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов, Коллеҷҳои тиббӣ ва техникӣ-омӯзгории ноҳия ба истиқболи ҷашин Рӯзи милитсия ва солгарди таъсисёбии  ҷамъомад баргузор гардид.

Бояд ёдова шуд, ки 30 нафар донишҷӯёни муассисаи таълимӣ, ки аъзоёни гурӯҳи “Авандгард”-и ноҳия мебошанд, бо роҳбарии муовини директор оид ба тарбия Шарипова Шаҳло дар ҷамъомад фаъолона ширкат варзиданд.

Дар ҷамъомад ҳайати роҳбарикунандаи ШВКД-1 ноҳия, аз ҷумла сардори шӯъба полковники милитсия Ҷонмаҳмадзода Одинамаҳмад Саидаҳмад иштирок карда, саҳми кормандони милитсияро дар осудагӣ, оромӣ ва пойдории сулҳу субот дар  ҷомеа назаррас арзёбӣ кард.

Дар ҷамъомад зикр шуд, ки саҳми аъзоёни гурӯҳи “Авандгард” дар таҳкими оромии ҷомеа, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба оқибати амалҳои терористию эктремистӣ ва дигар корҳои ба ҷомеа манфиатбахш назаррас баҳогузорӣ карда шуд.

Дар анҷоми ҷамъомад ба як қатор кормандони ин ниҳоди давлатӣ ифтихорномаю тӯҳфа тақдим гардид.