ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ
Ба истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов санаи 7-уми ноябри соли 2020 дар муассисаи таълимӣ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд. Директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис ба масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани таълимгоҳ ва гулу гулзор гардонидани гиру атрофи он диққати махсус зоҳир намуда, барои сарсабзу хуррам гардонидан ва ба як муассисаи таълимии пешрафта табдил додани Коллеҷ тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.
Дар рафти шанбегӣ донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, садҳо гулҳои ороишӣ шинониданд, бехи дарахтонро нарм карданд ва донишҷӯдухтарон синфхонаҳоро тозаю ороста гардониданд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо амалӣ намудани тадбирҳои ободонию зебоинигорӣ дар сартори кишвар бо маром идома доранд. Дар ин муассисаи таълимӣ бо ҷалби сохтмончиён ва устоҳо корҳои таъмирӣ ва бетонрезии роҳравҳо ва кошнигорӣ бомаром идома дорад.