Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсия

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсия

Санаи 6 ноябри соли  2020 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-сол сипарӣ мегардад.  Ба ин муносибат  5-уми ноябри соли 2020 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов мизи мудаввар баргузор гардид. Дар рафти он  муовинони директор, декани факултет, мудирони кафедраҳо ва як қатор донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

Дар аввал, муовини директор оид ба таълим Аттоев А суханронӣ карда,  аҳли нишастро ба муносибати 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи директори муассисаи таълимӣ Идрис Абдураҳимзода табрику муборакбод  гуфта,  аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳамеша дар асоси талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаъолият намоянд ва ба зиндагии бо саодат ноил гарданд.

Баъдан, устоди ҳуқуқи таълимгоҳ Ҳомидов Абдураҳим зимни муаррифӣ (презентация) –и худ Конститутсияро ба сифати ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан  ба қуллаи мурод  дониста,  дар бораи таърихи қабули Конститутсия ва тағийру иловаҳои ба он воридшуда андешронӣ карданд. Устод  дар анҷоми баромадашон аҳли нишастро  бо солгарди навбатии қабули Конститутсия шодбош намуданд.

Донишҷӯи таълимгоҳ Мавлуда Саидзода дар тахтаи электронӣ, аниқтараш бо истифода аз технологияи муоссир  бобҳо ва моддаҳои алоҳидаи Конститутсияро хеле хуб муаррифӣ карданд.

Дар анҷоми мизи мудаввар  муовини директор оид ба тарбия Шарипова Шаҳло баромад карда, иброз намуд, ки бинобар сабаби мавҷуд будани бемории сироятёбандаи COVID-2019 дар кишвар таҷлили ин санаи фархундаро мо дар доираи маҳдуди иштирокдорон баргузор намуда истодаем, аммо аз устодон хоҳиш карда мешавад, ки зимни гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ оид ба Конститутсия ба донишҷӯён маълумотҳои муҳим пешниҳод намоянд.

Бояд, иброз намуд, дар долони таълимгоҳ намоиши китобӣ аз тарафи масъулини китобхонаи  коллеҷ ташкил гардида буд.