Дар коллеҷи фарҳанг корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо кард

Дар коллеҷи фарҳанг корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо кард

Бо мақсади таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати ободу зебо ва  тозаю озодона гардонидани саҳни ҳавлӣ, дохил ва гирду атрофи  муассисаи давлатии таълимии  Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов рӯзҳои 31  октябри  соли 2020 дар муассиса бо ҷалби ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён ҳашари умумӣ ташкил ва гузаронида шуд.  Зеро,  масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи  коллеҷи фарҳанг ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни таълимгоҳ зери таваҷҷӯҳи хосаи директори он Абдураҳимзода Идрис қарор дорад.

Дар рафти ҳашар донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорон  ва дигар кормандони таълимгоҳ  фаъолона иштирок  намуда, барои ободу зебо намудани саҳни ҳавлӣ садҳо адад гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинониданд, майсазорҳои саҳни таълимгоҳро ороста намуданд. Ҳашарчиён, дар рӯзҳои зикршуда, инчунин бехи дарахтони ҳамешасабз, яъне арчаҳои навъи сузанбарги гирду атрофи коллеҷро нарм карданд, ҷӯйборҳои гирду аторфро боз ҳам тоза намуданд. Донишҷӯдухтарон бошанд, синфхонаҳоро тозаю ороста гардониданд.

Феълан,  қисме аз роҳравҳо ва ҷӯйборҳои дар назди таълимгоҳ буда, таъмирталаб  мебошанд, ки  барои таъмири онҳо алакай  тавассути нақлиёти боркаш масолеҳи сохтумонӣ, аз қабили қуму санг, симент ва  ғайра оварда шуааст, ки бо истифода аз онҳо корҳои таъмирӣ бо ҷалби устоҳо идома доранд.

Тавре, ба мову шумо  маълум аст, имрӯзҳо ба мақсади таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тадбирҳои  ободонию зебоинигорӣ  дар сартори кишварамон бо маром идома дорад. Боварӣ дорем, ки то таҷлили ин санаи фархундаи таърихӣ дар Коллеҷи фарҳанг чунин  корҳои созандагию ободонӣ боз ҳам идома меёбанд ва устодони  таълимгоҳ ҷашни муқаддаси дар пешистодаро бо дастовардҳои шоиста истиқбол мегиранд.

Устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг маросими Савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг маросими Савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавре,  мардуми шарифи мамлакат хабар доранд, санаи 30 октябри соли 2020 маросими Савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Ин маросими фараҳбахшро шабакаи  телевизиони “Тоҷикистон” ба таври мустақим намоиш дод. Ин рӯзи таърихиро дар қатори  тамоми мардуми Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯёни муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бесаброна интизор буданд. Онҳо барои тамошои ин  маросими идона дар толори таълимгоҳ ҷамъ омада, бо эҳсоси баланди ватандӯстиву ифтихормандӣ шоҳиди Савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиданд.

Ҳозирин суханронии Пешвои миллатро тавассути оинаи нилгун бо таваҷҷӯҳи хоса шуниданд ва аз он изҳори хурсандӣ карданд, ки бо Президенти интихобнамудаамон ба фардои боз ҳам дурахшони кишвар ва зиндагии шоиста ноил гардида, шоҳиди  тараққиёти бемисли Тоҷикистони азизиз мегардем.