Бигузор Парчами мо ҳамеша парафшон  бошад!

Устодон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамватонони азиз!

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва аз ин лаҳзаи муносиб истифода намуда Шуморо бо рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик намуда, иқболу саодат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонро орзу менамоям.

Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди милли ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар  ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Хушбахтона, халқи тоҷик ба муқаддасоти Ватан эҳтироми хоса дорад ва аз он ифтихор менамояд.

Дар ин рӯзи муҳиму идона бори дигар ба Шумо сиҳативу сарбаландӣ, зиндагии осудаву сарсабз ва мувафақиятҳо дар ҷодаи фаъолиятатон, таманно мекунем.

Бигузор Парчами мо дар фазои ободу озоди кишвари азизамон ҳамеша парафшон  бошад!

Донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг ба чорабинии идона шукӯҳи хоса зам намуданд

Донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг ба чорабинии

идона шукӯҳи хоса зам намуданд

Санаи 24-юми ноябри соли 2020 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабини идона баргузор гардид.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ  кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ноҳия, аз ҷумла устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо роҳбарии директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис бо Парчамҳои давлатӣ,  шиорҳо, аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар чорабинии идона фаъолона иштирок карданд.

Баъд аз гузашти роҳпаймоӣ иштирокчиён дар саҳни муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонии ноҳия ҷамъ омаданд. Ҳозиринро раиси ноҳия мухтарам Акрамзода Рустам ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, таманно кард, ки Парчами давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша парафшон бошад.

Аз рӯи барномаи идона аҳли ҳунари ноҳия, аз ҷумла донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг бо суруду таронаҳои дилангез ва рақсҳои мавзун хотири тамошобинонро шод гардониданд.

М. Воҳидов

ПАРЧАМИ МО-ИФТИХОРИ МО

Санаи 23-юми ноябри соли 2020 ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону донишҷӯён Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов тибқи нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳо бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Муслима Саидмуродова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳамзаалӣ Юсупов, сармуҳаррири рӯзномаи “Насими айём”-и ноҳия Рухшона Шобуддинова ва дигарон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия Рӯзи парчами миллиро чашн гирифтанд.

Дар аввал директори Коллеҷи фарҳанг Абдурҳимзода Идрис суханронӣ карда, оид ба рамзи давлатӣ- Парчами миллӣ маърӯзаи пурмӯҳтаво  намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ шодбош гуфт. Инчунин, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия М. Саидмуродова дар бораи Парчами миллӣ андешаҳояшро иброз намуд ва дар охири баромадаш ба донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ Саидзода Мавлуда  Ифтихонома тақдим кард. Дар чорабинии идона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳ. Юсупов  бо сухани табрикотӣ баромад кард. Сармуҳаррири рӯзномаи “Насими айём”  Р. Шобуддинова низ суханронӣ карда, аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи Парчам табрику муборакбод намуд.

Баромадкунандагон доир ба таърихи пайдоиш ва аҳмияти  парчамдорӣ барои давлату миллат, маънои рангҳои муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатӣ маълумотҳои зиёдеро ба саъми ҳозирин расониданд.

Баъд аз суханҳои табрикотӣ барномаи консертии устодон ва донишҷӯён, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!” омода шуда буд, пешкаши ҳозирин гардид.

Донишҷӯён бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан, Парчами давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯҳо баромади пурмӯҳтаво намуданд. Аз рӯи барнома донишҷӯён суруду таронаҳои дилангез,  рақсҳои мавзунро манзури тамошобинон гардониданд ва  аҳли нишаст барои ҳунару истеъдодашон кафкубиҳои зиёд заданд.

Миралӣ Воҳидов, омӯзгор

Тероризм ва хатарҳои он

Тероризм ва хатарҳои он

Санаи 20-уми ноябри соли 2020 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи муассисаи таълимӣ бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ кардан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ амалкунанда конференсияи илмӣ таҳти унвони “Тероризм ва хатарҳои он” доир гардид .

Дар коференсия  сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ  Саидмаъруф  Давлатов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Саторӣ, корманди ШВКД-1 ноҳия Рӯзаев Юсуф, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар оғоз директори Коллеҷи фарҳанг  Абдураҳимзода Идрис меҳмонони даъватшударо ба муассисаи таълимӣ хайрамақдам гуфт ва дар назди ҳозирин бо маърӯзаи пурмӯҳтавои худ баромад кард.

Сипас, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ  Саидмаъруф  Давлатов оид ба тероризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср баромад намуда,   омӯзгоронро даъват намуд, ки ҷавонону наврасонро  дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Саттрӣ дар рафти суханронияш қайд намуд, ки  донишҷӯёни  Коллеҷи фарҳанг   бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамкории зич доранд. Дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки бахш доир менамояд,  маҳз донишҷӯёни фаъол ва ҳунарманди Коллеҷи фарҳанг фаъолона иштирок менамоянд.

Дар рафти ҷамъомад директори Коллеҷи фарҳанг Абдураҳимзода Идрис ба сардори КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ  Саидмаъруф  Давлатов барои иштирокашон дар ҷамъомад ва саҳми бузургашон дар таъмини амнияти кишвар аз номи маъмурият ва устодон  Сипоснома  тақдим намуд.

М.Воҳидов

БАРНОМАИ КОНСЕРТИРО ҲОЗИРИН ХУШ ПАЗИРОӢ НАМУДАНД

БАРНОМАИ КОНСЕРТИРО ҲОЗИРИН ХУШ ПАЗИРОӢ НАМУДАНД

Санаи 20-уми ноябри соли 2020 ҳунармандони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон бо барномаи консертӣ меҳмони устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов гардиданд.

 Барномаи консертии аҳли ҳунар ба ифтихори солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда, барои фароғати коллективи Коллеҷи фарҳанг  ҳунармандони Филармония, яъне сарояндагону навозандагон, актёрҳо ва гулдухтарони рақоса  номераҳои беҳтаринро  пешкши ҳозирин карданд.

Баргузории чунин барномаҳои консертӣ ба бедор шудани ҳиссӣ зебопарастӣ, ва тандурустию худогоҳӣ ва дигар арзишҳои олии инсонӣ таъсири бузург мерасанд.

Вохӯрии донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов дар Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов дар Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 20-уми ноябри соли 2020 дар толори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии натоқи аввлини телевизиони Тоҷикистон Рафоати Абдусалом бо журналистони собиқадори телевизион,  рӯзноманигорони ҷавон ва донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигории Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов, ки бо дастгирии директори  муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис дар вохӯрӣ иштирок намуданд,  баргузор гардид.

Вохӯриро директори Академия ВАО-и кишвар   Зинатуллои Исмоилзода ҳусни оғоз бахшида, зимни баромадаш аз фаъолияти пурсамари ровии ширингуфтор Р.Абдусалом ёдовар шуд.

Баъдан, Рафоати Абдусалом хотираҳояшро оид ба фаъолияти чандинсолааш  дар телевизион ба ҳозирин нақл намуд.

Аз толор   низ  як қатор иштирокчиён, аз ҷумла мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносии Коллеҷи фарҳанг Воҳидов Миралӣ, донишҷӯи бахши 1-и ихтисоси рӯзноманигрӣ Ганҷина Неъматова ба журналисти маҳбуб, муаалимаи азиз  Рафоати Абдусалом  доир ба фаъолияти коллективона дар таҳияи барномаҳои телевизионӣ,  нақши наттоқ, ки  чеҳраи телевизион аст дар  маърифатбахшӣ ба ҷомеа  саволҳо дода, аз аввалин ровии телевизиони тоҷик Р. Абдусалом ҷавобҳои муфасал гирифтанд.

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

14  ноябри соли 2020  ба ифтихори 28-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо иштироки устодону донишҷӯёни  муассисаи таълимӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар аввали чорабинӣ ҷонишини директор оид ба таълим Абдураҳмон Аттоев бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад карда, доир ба аҳамияти таърихии баргузории Иҷлосия ва дар рафти  он якдилона ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  намудани Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони халқ, андешаҳояшро иброз намуд. Номбурда, инчунин оид ба хизматҳои беназиру таърихии  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои халқу Ватан ибрози андеша намуд.

Дар рафти ҷамъомад дар фазои идона ба як қатор донишҷӯёни аълохон ва фаъоле,  ки дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявидошта пайваста иштирок менамоянд, Ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Баъдан, барномаи маърифатию фарҳангии омодакардаи устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ ва мусиқӣ-омӯзгорӣ пешкаши ҳозирин гардид, ки ба ифтихори ҳунару маҳорати суханварию шеърхонӣ, сурудхонӣ ва навозандагии онҳо аҳли нишаст кафкубиҳои бардавом заданд.

ЗИЁДА АЗ ҲАЗОР БЕХ ГУЛҲОИ МАВСИМӢ ШИНОНИДА ШУД

    Сани  10-уми ноябри  соли 2020-ро  дар  Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ҳамчун  “Рӯзи гулкорӣ”   эълон намуда,  барои гулу гулзор гардонидани гиру атрофи муассисаи таълимӣ устодон ва донишҷӯён таҳти роҳбарии  директори таълимгоҳ Абдураҳимзода Идрис ба ҳашар баромаданд. Дар рафти гулкорӣ аз ҷониби ҳашарчиён имрӯз зиёда аз 1200 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ин тадбири зебоинигорӣ дар Коллеҷи фарҳанг  ба истиқболи  ҷашни 30-солгии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

Донишҷӯёни коллеҷи фарҳанг дар ҷамъомад иштирок намуданд

Донишҷӯёни коллеҷи фарҳанг дар ҷамъомад

иштирок намуданд

Санаи 9 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи ШВКД-1 ноҳияи Рӯдакӣ бо иштроки кормандони милитсия ва аъзоёни гурӯҳи  “Авангард” аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов, Коллеҷҳои тиббӣ ва техникӣ-омӯзгории ноҳия ба истиқболи ҷашин Рӯзи милитсия ва солгарди таъсисёбии  ҷамъомад баргузор гардид.

Бояд ёдова шуд, ки 30 нафар донишҷӯёни муассисаи таълимӣ, ки аъзоёни гурӯҳи “Авандгард”-и ноҳия мебошанд, бо роҳбарии муовини директор оид ба тарбия Шарипова Шаҳло дар ҷамъомад фаъолона ширкат варзиданд.

Дар ҷамъомад ҳайати роҳбарикунандаи ШВКД-1 ноҳия, аз ҷумла сардори шӯъба полковники милитсия Ҷонмаҳмадзода Одинамаҳмад Саидаҳмад иштирок карда, саҳми кормандони милитсияро дар осудагӣ, оромӣ ва пойдории сулҳу субот дар  ҷомеа назаррас арзёбӣ кард.

Дар ҷамъомад зикр шуд, ки саҳми аъзоёни гурӯҳи “Авандгард” дар таҳкими оромии ҷомеа, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба оқибати амалҳои терористию эктремистӣ ва дигар корҳои ба ҷомеа манфиатбахш назаррас баҳогузорӣ карда шуд.

Дар анҷоми ҷамъомад ба як қатор кормандони ин ниҳоди давлатӣ ифтихорномаю тӯҳфа тақдим гардид.

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ
Ба истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов санаи 7-уми ноябри соли 2020 дар муассисаи таълимӣ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд. Директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис ба масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани таълимгоҳ ва гулу гулзор гардонидани гиру атрофи он диққати махсус зоҳир намуда, барои сарсабзу хуррам гардонидан ва ба як муассисаи таълимии пешрафта табдил додани Коллеҷ тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.
Дар рафти шанбегӣ донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, садҳо гулҳои ороишӣ шинониданд, бехи дарахтонро нарм карданд ва донишҷӯдухтарон синфхонаҳоро тозаю ороста гардониданд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо амалӣ намудани тадбирҳои ободонию зебоинигорӣ дар сартори кишвар бо маром идома доранд. Дар ин муассисаи таълимӣ бо ҷалби сохтмончиён ва устоҳо корҳои таъмирӣ ва бетонрезии роҳравҳо ва кошнигорӣ бомаром идома дорад.