ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

       Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов санаи 24-уми октябри соли 2020 дар муассисаи таълимӣ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд.

      Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни басти дуввуми ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, рӯзноманигорӣ ва таълими мусиқӣ бо роҳбарии омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, дар заминҳои назди роҳравҳо гулу гулбуттаҳои ороишии мавсимӣ шинониданд, бехи дарахтонро нарм намуданд. Инчунин  донишҷӯдухтарон синфхонаҳоро тозаю ороста гардониданд.

       Ёдовар мешавем, ки ба масъалаи сарсабзу хуррам ва тозаю озода нигоҳ доштани  Коллеҷи фарҳанг ва гирду атрофи он директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис пайваста таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Тибқи нақша ҳар ҳафта гурӯҳҳои таълимӣ дар   алоҳидагӣ ба шанбеги ҷалб гардида, чунин корҳои зебонигориро идома медиҳанд.

Маҷлисҳои падару модарон дар Коллеҷи фарҳанг  

             

Маҷлисҳои падару модарон дар Коллеҷи фарҳанг  

Барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва боз ҳам хубтар ба роҳ мондани робитаи  волидайни донишҷӯён бо омӯзгорон бо ташаббуси директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов  Абдураҳимзода Идрис маҷлиси падару модарон дар ҳар як гурӯҳи таълимӣ гузаронида мешавад.

         Аз ҷумла, рӯзҳои 20  ва 21 октябри соли равон  чунин маҷлисҳо баргузор гардиданд, ки падару модарони донишҷӯёни бахшҳои якуми ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ ва рӯзноманигорӣ дар асоси даъватнома ба муассисаи таълимӣ ташриф оварда, дар маҷлисҳо иштирок намуданд.

       Дар маҷлисҳо  ҷонишини директор оид ба таълим А.Атоев ва ҷонишини директор оид ба тарбия Ш.Шарипова, декани факултет Ҷаъфаров Ҷ, мудири кафедраи “Рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ Воҳидов М, шахси масъули комиссияи ҷамъиятии “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар таълимгоҳ, омӯзгор Ш.Урозов иштирок карда, бо волидайни донишҷӯён сӯҳбатҳои озод гузарониданд.

       Зимни баромадаш, ҷонишини директор оид ба  таълим Абдураҳмон Атоев дар яке аз маҷлисҳои баргузоршуда, аз ҷумла чунин зикр намуд: “Тарбияи фарзанд вазифаи асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар маърифати ҷомеа созгор ва муҳит солим бошад, раванди тарбия самаранок мегардад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои ахлоқи накӯ ва ба ҷомеа нафърасон мебошад. Шогирдони мо бояд тавре тарбия ёбанд, ки нахуст дорои адабу хулқи накӯ ва фаросати баланди инсонӣ буда, инчунин донишманду соҳибҳунар  бошанд”.

      Маҷлисҳои доиргардида дар сатҳи баланд ва бо қаноатмандии устодони муассисаи таълимӣ ва волидайни донишҷӯён доир шуданд.

Саҳми донишҷӯён дар ободонии муассиса

Саҳми донишҷӯён дар ободонии муассиса
        Бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои ободони муассиса санаи 17-уми октябри соли равон бо иштироки донишҷӯён ва устодони муассиса бо роҳбарии директори таълимгоҳ Абдураҳимзода Идрис шанбеги ташкил гардид. Дар шанбегӣ донишҷӯён иштироки фаъол дошта, гирду атрофи муассисаро тозаю озода намуда, бехи дарахтон нарм ва гулҳои ороиширо аз алафҳои бегона тоза намуданд.

Мубориза бо бемории сироятии COVİD-19 дар Коллеҷ

Мубориза бо бемории сироятии COVİD-19 дар Коллеҷ
Айни замон дар аксарияти давлатҳо одамон ба бемории сироятии COVİD-19 гирифтор шуда, баъзе аз гирифторони ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. Мутаассифона дар Тоҷикистон ҳам гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд. Барои пешгирӣ кардан аз паҳншавии коронавируси COVİD-19 аз тарафи Ҳукумати мамлакат корҳои зиёде иҷро карда шудааст.
Дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳам қоидаҳои ҷоришуда ва тавсияҳои табибонро бо пуррагӣ иҷро иҷро менамояд. Азҷумла дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов бо ташаббуси директори таълимгоҳ Абдураҳимзода Идрис то имрӯз тадбирҳои зиёде барои пешгирӣ намудан аз паҳншавии COVİD-19 иҷро гардидааст.
Санаи 16 октябри соли равон дар муассисаи таълимӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, таълимгоҳ бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷ ва маводҳои безараргардонӣ таъмин гардид.

Таҷлили рӯзи Фалак дар муассиса

Таҷлили рӯзи Фалак дар муассиса

Ба муносибати 13-умин солгарди рӯзи «Фалак»,  санаи 15 октябри соли равон дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П.  Бӯйдоқов барномаи хотирмони консертӣ бо супориши директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис аз ҷониби  устодон ва донишҷӯёни кафедраи  «Таълими мусиқӣ,  эҷодиёти халқ ва менеҷменти соҳавӣ» пешкаши тамошобинон гардид.

Бояд ёдовар шуд,  ки жанри фалакро оҳангсози машҳури тоҷик Абдулфаттоҳ Одинаев ба нота дароварда,  онро дар оркестри симфонӣ ҷой додааст. Фалак яке аз муҳимтарин унсурҳои мусиқии суннатии тоҷикон мебошад.  Бо мақсади ҳифзи ин мероси бадеию фарҳангии халқамон ва рушди «Фалак»,  Пешвои миллат,  муҳтарам Э. Раҳмон тамоми шароитҳоро муҳайё намудаанд.

Дар барномаи консертӣ донишҷӯёни таълимгоҳ як қатор сурудҳоро дар жанри «Фалак» бо маҳорати баланд иҷро намуданд.

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

       Бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов санаи 10-уми октябри  соли 2020 дар муассисаи таълимӣ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд. Масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи  Коллеҷи фарҳанг ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни таълимгоҳ зери таваҷҷӯҳи хосаи директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳҳоб карор дорад.

      Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни басти дуюми ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, ва таълими мусиқӣ бо роҳбарии омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинониданд ва синфхонаҳоро донишҷӯдухтарон тозаю ороста гардониданд.

Амалӣ намудани тадбирҳои  ободонию зебоинигорӣ  дар сартори кишвар имрӯзҳо бо маром идома доранд.

Вохӯрии роҳбари гурӯҳи “Авандгард” бо донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг

Вохӯрии роҳбари гурӯҳи “Авандгард” бо донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг

Санаи 9 октябри соли равон дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов вохӯрии роҳбари гурӯҳи   ҷавонони “Авангард” дар ноҳияи Рӯдакӣ Низомиддин Ҷумаев бо устодон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини директор оид ба таълим Шаҳло Шарипова ифтитоҳ бахшид ва мавзӯи вохӯриро, ки  дар бораи   зарари истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро  бахшида шуда буд, ба ҳозирин фаҳмонид.

Сипас,  роҳбари гурӯҳи   ҷавонони “Авангард” дар ноҳияи Рӯдакӣ Низомиддин Ҷумаев суханронӣ карда, дар бораи мафҳумҳои эктеремизм ва тероризм, ки ҳамчун зуҳуроти бад  дар ҷомеа мебошанд ва ҳадафи афроде, ки аъзои гурӯҳҳои ифротӣ мебошанду ба ҷомеа хавфу хатари зиёд доранд, инчунин зарари телефонҳои мобилӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба ҳозирин фикру мулоҳизаҳояшро иброз намуд.

Номбурда, зимни баромадаш, инчунин ҷавононро ба шукргузорӣ кардан аз давлати обод ва боз ҳам  муттаҳид шудан дар атрофи  Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват  намуд.

Ҳамзамон аз донишҷӯёне, ки ба синни 18 солагӣ  расидаанд хоҳиш кард, ки дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки   санаи 11-уми октябри соли равон баргузор мегардад, ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафта, ба тарафдории номзади арзандаи овоз диҳанд.

Пайравони Пешвои миллат аз Коллеҷи фарҳанг дар роҳпаймоӣ иштирок карданд

Пайравони Пешвои миллат аз Коллеҷи фарҳанг

дар роҳпаймоӣ иштирок карданд

Санаи 9-уми октябри соли равон бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби ҷавонони ватандӯсти ноҳия ва пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Певои миллат, Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоӣ таҳти унвони “Интихоби мо-Пешвои миллат” доир гардид.  Дар қатори ҷавонони  касбу корашон гуногун, донишҷӯён ва устодони Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов, ки пайравони асили Пешвои миллат мебошанд, дар роҳпаймоии мазкур фаъолона иштирок карданд.

Баъд аз роҳпаймоӣ иштирокчиён дар саҳни муҷассамаи устод Абуабдулоҳи  Рӯдакӣ ҷамъ омада, баъзе аз онҳо андешаҳояшонро оид ба маъракаи сиёсии дар пешистода ва иштирокашон дар он  баён карданд. Зимни суханронияш, аз ҷумла донишҷӯи Коллеҷи фарҳанг Саидзода Мавлуда иброз намуд, ки “Ман ҳамчун ҷавони зодаи даврони сиҳибистиқлолии Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳри миннатдорӣ менамоям, ки барои дастгирии мо ҷавонон Стипендияи Президентиро таъсис додаанд ва ман барандаи он будам. Ман бо дастовардҳои беназири халқи  Тоҷикистон дар давраи роҳбарии  фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон тавассути расонаи хабарӣ хуб ошно мебошам. Бинобар ин дар Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, ба ҷонибдории Пешвои миллат овоз медиҳам”.

Бояд ёдовар шуд, ки санаи 11 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Боварӣ дорам, ки ин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистони азиз дар сатҳи ӣаланд баргузор мегардад.

Ба рушди забони давлатӣ эътибори хоса дода мешавад

Ба рушди забони давлатӣ эътибори хоса дода мешавад

Санаи 5-уми октябри соли 2020 ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ  дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов намоиши китобӣ таҳти унвони “Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст” ташкил карда шуд. Дар он асосан китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди устодон ва донишҷӯёни таълимгоҳ гардид.

Инчунин, имрӯз аз ҷониби устодони фанни забони тоҷикӣ мизи мудаввар гузаронида шуданд.

Ба ин муносибат дарсҳои омӯзгорон тариқи тахтаи электронӣ гузаронида шуда, оид ба забони давлатӣ саволу ҷавобҳо байни омӯзгорон ва донишҷӯён ба таври  шавқовар гузаштанд.

Ҳамзамон, имрӯз директори муассисаи таълимӣ Абдурҳимзода Идрис  дар якҷоягӣ бо муовинони худ ва декани факултет ба аудиторияҳо ташриф оварда, бо донишҷӯён доир ба забони давлатӣ,   ки  бо шарофати ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми устувор гирифта, ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳуриямон зиндагӣ мекунанд, барои муттаҳид намудани сокинони ватанамон, пойдории давлат ва ҳифзи фарҳанги миллӣ нақши муҳим мебозад, суҳбатҳо оростанд.

Ёдовар мешавем, ки директори коллеҷ И. Абдураҳимзода  барои амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Натиҷаи таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаи таълимӣ аст,  ки  ҳам омӯзгорон  ва ҳам донишҷӯён  ҳамеша ба забони давлатӣ эҳтироми хоса зоҳир менамоянд.

[/vc_column_text]

[/vc_column][/vc_row]