САҲМИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

САҲМИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

     Санаи 5-уми сентябри соли 2020  ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолилияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов дар асоси супориши директори муассисаи таълимӣ Идрис Абдураҳимзода ба Боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ рафта,  дар корҳои ободонию зебонигории  ин мавзеи фарҳангию фароғатӣ саҳми худро гузоштанд.

      Дар рафти шанбегӣ зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни ихтисосҳои китобдорӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, рӯзноманигорӣ ва таълими мусиқӣ таҳти роҳбарии омӯзгорон  фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтони боғро нарм ва баргрезаҳоро ҷамъоварӣ карда, дар мавзеи махсусе, ки барои мусурпартоӣ ташкил шудааст, бурда рехтанд. Дар рафти шанбегӣ, инчунин дохили ҷӯйборҳои аз лой ва дигар партовҳо тоза карданд. Донишҷӯдухтарон бо ҷоруб саҳни Боғи Ғалаба ва майдони дарахтзорро рубучин карданд.

       Ёдовар мешавем, ки қисме аз устодон ва донишҷӯён дар Коллеҷи фарҳанг дар шанбегӣ иштирок карда,  гирду атрофи таълимгоҳро сарсабзу хуррам ва тозаю озода намуданд.