Рӯзи Рӯдакихонӣ дар Коллеҷи фарҳанг

РӮЗИ РӮДАКИХОНӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

       Имрӯз, яъне 22 – сентябри соли 2020 дар китобхонаи муассисаи таълимӣ бахшида ба гиромидошти хотираи сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсия гузаронида шуд. Дар ин нишаст донишҷӯён доир ба ҳаёт ва фаъолияти ин устоди бузург суханрони намуда аз ашъори ӯ порчаҳои шеърӣ қироъат намуданд.

САҲМГУЗОРӢ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

САҲМГУЗОРӢ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

       Санаи 6-уми сентябри соли 2020  ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолилияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов дар асоси супориши директори муассисаи таълимӣ Идрис Абдураҳимзода ба Боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ рафта,  дар корҳои ободонию зебонигории  ин мавзеи фарҳангию фароғатӣ саҳми худро гузоштанд.

      Дар рафти шанбегӣ зиёда аз 50 нафар донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорон  фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтони боғро нарм ва баргрезаҳоро ҷамъоварӣ карда, дар мавзеи махсусе, ки барои мусурпартоӣ ташкил шудааст, бурда рехтанд. Дар рафти шанбегӣ, инчунин дохили ҷӯйборҳои аз лой ва дигар партовҳо тоза карданд. Донишҷӯдухтарон бо ҷоруб саҳни Боғи Ғалаба ва майдони дарахтзорро рубучин карданд.

САҲМИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

САҲМИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

     Санаи 5-уми сентябри соли 2020  ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолилияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов дар асоси супориши директори муассисаи таълимӣ Идрис Абдураҳимзода ба Боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ рафта,  дар корҳои ободонию зебонигории  ин мавзеи фарҳангию фароғатӣ саҳми худро гузоштанд.

      Дар рафти шанбегӣ зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни ихтисосҳои китобдорӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, рӯзноманигорӣ ва таълими мусиқӣ таҳти роҳбарии омӯзгорон  фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтони боғро нарм ва баргрезаҳоро ҷамъоварӣ карда, дар мавзеи махсусе, ки барои мусурпартоӣ ташкил шудааст, бурда рехтанд. Дар рафти шанбегӣ, инчунин дохили ҷӯйборҳои аз лой ва дигар партовҳо тоза карданд. Донишҷӯдухтарон бо ҷоруб саҳни Боғи Ғалаба ва майдони дарахтзорро рубучин карданд.

       Ёдовар мешавем, ки қисме аз устодон ва донишҷӯён дар Коллеҷи фарҳанг дар шанбегӣ иштирок карда,  гирду атрофи таълимгоҳро сарсабзу хуррам ва тозаю озода намуданд.

РӮЗИ КИТОБ ҶАШН ГИРИФТА ШУД

                     РӮЗИ КИТОБ ҶАШН ГИРИФТА ШУД
Санаи 4-уми сентябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали сохтмони бинои нави Китобхонаи миллиро гузошт. Ин санаи таърихӣ ҳамчун Рӯзи китоб ҳамасола дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ба муносибати Рӯзи китоб санаи 4-уми сентябри соли равон тибқи накшаи чорабиниҳо, ки аз тарафи директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Идрис Абдураҳимзода тасдиқ шудааст, дар Коллеҷи фарҳанг чорабинии маърифатию фароғатӣ доир гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯёни ихтисосҳои китобдорӣ ва китобхонашиносӣ, рӯзноманигорӣ ва мусиқӣ-омӯзгорӣ бо барномаи рангин баромад карданд. Дар рафти баромадашон донишҷӯён доир ба ихтирооти беназири башар -китоб, аҳамияти мутолиаи китоб, мақому мартабаи китобхон дар ҷомеа, маърӯзаҳо намуданд. Донишҷӯён инчунин, дар васфи китоб суханҳои ҳакимон ва шеърҳои шоиронро бо истеъдоди баланд қироат карданд. Суруду ва мусиқиҳои дилнишини иҷрокардаи донишҷӯён ба чорабинии идона шукуҳи хоса бахшид.

Дастовардиҳои мо аз файзи истиқлол аст

Коллеҷи фарҳанг яке аз куҳантарин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии мамалакат  маҳсуб меёбад. Таълимгоҳ  2 апрели соли 1945 бо номи Техникуми китобдории Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Баъдан, ба он номи Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоӣ гузошаанд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми августи соли 2001 таҳти №365 таълимгоҳ ба Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов табдили ном намудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон симои коллеҷ куллан тағийр ёфт. Дар ин давра корҳои зиёди созандагию бунёдӣ ба анҷом расонида шуданд.  Дар сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи фарҳанг таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Тавре, Пешвои миллат зикр намудаанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”. Аз ин рӯ,  роҳбари давлат соҳаи фарҳангро  доим дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо ва файзи истиқлол аст, ки дар коллеҷ бо маблағгузории Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншотҳои муҳим сохта, ба истифода дода шуданд.

Солҳои пеш аз сабаби набудани толори варзишӣ дарсҳо аз фанни тарбияи ҷисмонӣ зери барфу борон хуб ва мувофиқи мақсад намегузаштанд. Аммо ин мушкилот  дар давраи  давлатдории миллиамон  ҳалли худро ёфт ва ҳоло  дарсҳо дар толори  варзишии замонавӣ мегузаранд. Чун таваҷҷӯҳ  ба солимии ҷавонон зиёд аст,  бинобар ин се сол пеш дар саҳни муассиса майдончаи варзишӣ барои футболи хурд сохта, ба истифода дода шуд, ки феълан аз шароити муҳайёгардида истифода бурда, донишҷӯён маҳорати варзишии худро сайқал медиҳанд.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, дар коллеҷ 10-синфхонаи нави барҳаво барои 300 ҷои нишаст дар ду баст сохта ба истифода дода шуд, ки дар онҳо  шароити мусоид барои таълиму тарбияи  ҷавонон  фароҳам оварда шудааст.

Дастоварди муҳим аз файзи истиқлол барои коллеҷ он аст, ки таълимгоҳ соҳиби хобгоҳи замонавӣ гардид. Хобгоҳ дар масофаи наздик ба таълимгоҳ сохта шуда, барои зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни эҳтиёҷманд шароити зисту зиндагонӣ муҳайё карда шудааст.

Шумораи довталабон барои дохил шудан ба муассисаи таълимӣ аз тамоми гӯшаю канори кишварамон сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Аммо аз байни онҳо нафарони лаёқатманд баъди супоридани имтиҳони дохилшавӣ донишҷӯи коллеҷ гардиданд.

Муассиса аз рӯи ихтисосҳое мутахассис омода менамояд, ки ба онҳо ниёзи ҷомеа рӯз аз рӯз  зиёд гардида истодааст. Масалан, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзгори фанни таълими мусиқӣ зарӯр аст ва боиси хурсандист, ки дар аксарияти мактабҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷумҳурӣ омӯзгори ин фанни таълимӣ дастпарварони Коллеҷи фарҳанг мебошанд. Дар раёсат ва шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияиҳо  навозандагони созҳои гуногуни мусиқӣ ва овозхонон фаъолият менамоянд, ки дар байни онҳо хатмкунандагони Коллеҷи фарҳанг сершуморанд.  Аксарияти дастпарварони мо аз рӯи тахассуси гирифтаи худ ҳуҷҷатҳояшонро ба донишгоҳу донишкадаҳои дохил ва хориҷ аз кишвар супорида,  таҳсилашонро ба таври ҳам рӯзона ва ҳам ғоибона идома медиҳанд. Ҳамасола,  ин муассисаи таълимиро садҳо нафар хатм менамоянд ва онҳо баҳри рушду пешрафти Ватани азизамон фаъолоияти пурсамар менамоянд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, дар охир мехоҳам мардуми фарҳангдӯсти кишварамонро ба муносибати 29-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику муборакбод гуфта, ба онҳо хонаи обод, комёбиҳои беназир ва дар Ватани маҳбубамон сулҳи ҷовидона орзу менамоям.

Идрис Абдураҳимзода, директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов