ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

      Ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолилияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов санаи 29-уми августи соли 2020 дар муассисаи таълимӣ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд.

      Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни ихтисосҳои китобдорӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, рӯзноманигорӣ ва таълими мусиқӣ ва омӯзгорон  бо роҳбарии директори таълимгоҳ Абдураҳимзода Идрис фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 300 бех гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинониданд. Бехи дарахтони ҳамешасабзи саҳни таълимгоҳро нарм ва барои безараргардонӣ аз ҳашаротҳо ба танаи дарахтон оҳак зададанд. Дар рафти шанбегӣ, инчунин дохили ҷӯйборҳои ду тарафи роҳи мошингарди назди муассисаро аз лой ва дигар партовҳо тоза карданд. Донишҷӯдухтарон синфхонаҳоро тозаю ороста гардониданд.

       Ёдовар мешавем, ки ба масъалаи сарсабзу хуррам ва тозаю озода нигоҳ доштани  Коллеҷи фарҳанг ва гирду атрофи он директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода  Идрис таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

РАИСИ ФИЛИАЛИ ИТҶ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ИНТИХОБ ГАРДИД

Раиси филиали ИТҶ дар Коллеҷи фарҳанг интихоб гардид

Санаи 19 августи соли 2020 дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумуҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо иштироки раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Сатторӣ ва  устодони муассисаи таълимӣ, аз ҷумла муовини директор оид ба тарбия Шаҳло Шарипова, декани факултети таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ Ҷаъфаров Ҷаъфар, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ  Воҳидов Миралӣ ва   донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, китобдорӣ ва китобхонашиносӣ, менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Дар оғози ҷамъомад декани факултет Ҷаъфаров Ҷ. суханронӣ карда, саҳми ҷавононро дар рушди давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон бузург арзёбӣ намуд. Номбурда зимни баромадаш инчунин иброз дошт, ки бо кумак ва дастгирии директори Коллеҷи фарҳанг Абдураҳимзода Идрис донишҷӯёни таълимгоҳ  дар аксарияти  чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангию маърифтии сатҳи ноҳия ва ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Баъдан,  раиси филиали ИҶТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Сатторӣ иброз намуд, ки  моро лозим аст  дар Коллеҷи фарҳанг раиси  филиали ИҶТ-ро   тавассути овоздиҳии Шумо интихоб намоем.

Ҳозирин номзадии устоди таълимгоҳ Ёрмуҳаммад Асомиддиновро ба ин вазифаи пурмасулият, яъне раиси филиали ИҶТ дар Коллеҷи фарҳанги ҷумуҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов    пешниҳод интихоб намуда,  ба иштироки он дар Анҷумани навбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон овоз доданд.

СОЛИ НАВИ ХОНИШ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

       СОЛИ НАВИ ХОНИШ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

Субҳи 17-уми августи соли 2020 донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи фарҳанги ҷумҳурявии ба номи П. Бӯйдоқов суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рӯзи дониш шуниданд.

Президенти кишвар оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба хонандагону донишҷӯён, падару модарон, аҳли илму маориф ва кулли мардуми кишвар табрику муборакбод намуданд.

Баъд аз анҷоми суханронии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ дар саҳни муассисаи таълимии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳурявии ба номи П. Бӯйдоқов бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштироки директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳурявии ба номи П. Бӯйдоқов муҳтарам Абдуразимзода Идрис, меҳмони гиромиқадр корманди пағуишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ Дилшод Раҳимӣ гузаронида шуд.

Дар оғоз сарвари муассиса Абдураимзода Идрис ҳамаи донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи таълимиро бо соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш табрик ва муборакбод намуд.

 Баъдан Дилшод Раҳимӣ суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда, қайд намуданд, ки рисолати асосии ҳар як омӯзгор ва падару модар он аст, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯзаро дар роҳи ватандӯстӣ  мҳаншиносӣ тарбия намоянд.

Тадбирҳои судманд дар Коллеҷи фарҳанг

            Айни замон дар аксарияти давлатҳо одамон ба бемории сироятии COVID-2019 гирифтор шуда, баъзе аз гирифторони ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд. Мутассифона дар Тоҷикистон ҳам гирифторорони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд. Барои пешгирӣ кардан аз  паҳншавии коронавируси COVID-2019 аз тарафи Ҳукумати мамлакат корҳои зиёде иҷро  карда шудааст.

Дар муассисаҳои таълимии кишвар ҳам қоидаҳои ҷоришуда ва тавсияҳои табибонро бо пуррагӣ иҷро менамоянд. Аз ҷумла, дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо ташаббуси директори таълимгоҳ Абдураҳимзода Идрис то имрӯз тадбирҳои зиёде барои пешгирӣ намудан аз паҳншавии коронавируси COVID-2019 иҷро гардидааст.

Дар доираи омодагӣ дидан ба соли нави хониши 2020-2021 дар Коллеҷи фарҳанг санаи 15-уми август корҳои безараргардонӣ гузаронидашуда, таълимгоҳ бо дастгоҳҳои ҳароратсанҷ ва маводҳои безараргардонӣ пурра таъмин карда шудааст.   Инчунин, тибқи талабот дар ҳар як синфхона кутичаҳои доруворӣ, антисептикӣ ташкил карда шуда, барои донишҷӯён ниқобҳои истифодабарияшон яккарата ва бисёркарта захира карда шудааст.